Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 236

  1. لَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ مَا لَمْ تَمَسُّوهُنَّ أَوْ تَفْرِضُوا لَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى الْمُوسِعِ قَدَرُهُ وَعَلَى الْمُقْتِرِ قَدَرُهُ مَتَاعًا بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُحْسِنِينَ

    (Эй шавҳарон!) Бар шумо ҳеҷ гуноҳе нест, чун занонро талоқ додед, дар ҳоле ки ба эшон ҳеҷ даст нарасонидаед (ва бо эшон нахуспидаед) ва барои эшон (аз маҳру кобин,) миқдоре муайян накардаед. Ва эшонро (яъне ин гуна занони талоқшударо ба андозаи тавони худ бо чизе) баҳраманд кунед (, зеро аз ин фироқ шикасте ба дилҳои эшон ворид мешавад). Фарохдаст (, яъне тавонгар) ба андозаи тавонаш ва тангдаст ба андозаи тавонаш ба писандидагӣ баҳра бидиҳад. Ин кор ҳаққе бар накӯкорон аст.

    2:236

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)