Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 237

  1. وَإِنْ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِنْ قَبْلِ أَنْ تَمَسُّوهُنَّ وَقَدْ فَرَضْتُمْ لَهُنَّ فَرِيضَةً فَنِصْفُ مَا فَرَضْتُمْ إِلَّا أَنْ يَعْفُونَ أَوْ يَعْفُوَ الَّذِي بِيَدِهِ عُقْدَةُ النِّكَاحِ ۚ وَأَنْ تَعْفُوا أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۚ وَلَا تَنْسَوُا الْفَضْلَ بَيْنَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    Ва агар эшонро пеш аз он ки ба эшон даст расонед (ва бо эшон ҳамбистар шавед), талоқ додед ва ба дурустӣ, бар эшон (аз маҳри воҷиб) миқдоре муайян карда бошед, пас бояд нимаи ончиро (аз маҳр) муайян кардаед (ба онҳо бидиҳед), магар ончи ки эшон (, яъне занон) бибахшанд (ва аз ҳаққи худ, ки бар шавҳарҳояшон воҷиб гашта аст, даст кашанд), ё касе ки гиреҳи никоҳ ба дасти ӯст (, яъне шавҳар) бибахшад (ва аз карам нимаи дуввуми маҳрро назди зани талоқшудаи худ раҳо кунад). Ва (эй занони талоқшуда ва мардон,) агар даргузаред, он ба парҳезгорӣ наздик аст. Ва бартарӣ(ва некӯкорӣ ва меҳрубонӣ ва дӯстӣ)-ро миёни якдигар фаромӯш макунед! Ҳароина, Аллоҳ бад-ончӣ мекунед, биност (ва ҳама кору аҳволатонро медонад).

    2:237

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)