Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 234
-
وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَعَشْرًا ۖ فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
Ва касоне ки аз миёни шумо бимиранд ва занонро бигузоранд, бояд ки эшон (, яъне занон аз пӯшидани пироҳани зебои рангоранг, ороиш ва хушбӯӣ ва атру сурмаву ҳино ва аз хостгорӣ ва шавҳаркунӣ худдорӣ кунанд ва) бар хештан (дар хонаҳои шавҳарҳояшон) чаҳор моҳу даҳ шаб[[Ҳикмат дар чаҳор моҳу даҳ шаб дар ин аст, ки баъд аз чаҳор моҳ яъне баъди як саду бист рӯз ҷони кӯдак дамида мешавад ва обистан будани зан маълум мегардад.]] интизор кашанд[[Вале, иддати занони обистан то фурӯ ниҳодани бори эшон аст.]]. Пас чун ба муддати худ расиданд (ва иддаташон сар омад), онгоҳ (эй валиёни амри занон,) бар шумо гуноҳе нест, дар ончӣ он занон бо писандидагӣ (аз рӯи шариат) дар ҳаққи хештан кунанд (ва хештанро ороиш диҳанду барои хостгорӣ ва издивоҷи ҳалолу покиза омода шаванд). Ва Аллоҳ бад-ончӣ (ба ниҳону ошкоро) мекунед, огоҳ аст.
2:234
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)