Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 233
-
وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ ۖ لِمَنْ أَرَادَ أَنْ يُتِمَّ الرَّضَاعَةَ ۚ وَعَلَى الْمَوْلُودِ لَهُ رِزْقُهُنَّ وَكِسْوَتُهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَا تُضَارَّ وَالِدَةٌ بِوَلَدِهَا وَلَا مَوْلُودٌ لَهُ بِوَلَدِهِ ۚ وَعَلَى الْوَارِثِ مِثْلُ ذَٰلِكَ ۗ فَإِنْ أَرَادَا فِصَالًا عَنْ تَرَاضٍ مِنْهُمَا وَتَشَاوُرٍ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا ۗ وَإِنْ أَرَدْتُمْ أَنْ تَسْتَرْضِعُوا أَوْلَادَكُمْ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِذَا سَلَّمْتُمْ مَا آتَيْتُمْ بِالْمَعْرُوفِ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Ва модарон бояд фарзандони худро ду соли пурра шир бидиҳанд, (ин ҳукм) барои касест, ки хоҳад ширдеҳиро ба анҷом расонад. Ва бар падар (баҳри ширдиҳӣ додан) рӯзӣ ва пӯшоки эшон (яъне рӯзӣ ва пушоки модарон) бо писандидагӣ (ба андозаи тавоноияш ва бе исроф) лозим аст. Ҳеҷ кас таклиф карда намешавад, магар ба андозаи тавоноияш. Ва модар (ба сабаби фарзандаш) газанд (ва ранҷ) карда машавад (, агар ширдиҳии фарзандашро нахост, маҷбураш макунед ва агар ширдиҳии фарзандашро хоҳад, фарзандро аз ӯ ба зӯрӣ маситонед) ва на падар ба сабаби фарзандаш (газанду ранҷ карда шавад, монанди ин ки модар фарзандашро ба шавҳараш бидиҳад, то ӯ дар тарбияташ заҳмат бинад ва ё чизеро талаб кунад, ки ҳаққи ӯ нест) ва (агар кӯдакро падар набошад) бар ворис (-и падар), монанди ҳамин лозим аст (, яъне ончӣ ки бар падари кӯдак дар зиндагиаш рӯзӣ ва пӯшок додан бар модарон воҷиб буд). Пас, агар ҳар ду (, яъне падару модар) аз рӯи ризомандӣ ва машварати якдигар (аз ширдиҳӣ) ҷудо кардан (–и фарзандашон)-ро хоҳанд (, ки ӯро пеш аз ду сол аз ширдиҳӣ боз кунанд), онгоҳ, бар он ҳар ду (дар ин кор) гуноҳе нест. (Агар падару модари фарзанд бо сабабе аз асбоб бо ҳам розӣ гаштанд, ки кӯдакро падараш зери парастории худ бигирад, онгоҳ ҳеҷ боке нест, ки фарзандашонро каси дигар шир бидиҳад, чунончи Аллоҳ мефармояд: Эй падарон!) Ва чун хостед барои (ширдиҳии) фарзандони худ (ғайр аз модаронашон ширдиҳанда биҷӯед ва) дояи ширдеҳ бигиред пас бар шумо гуноҳе нест чун (аз дили пок) бо писандидагӣ, ончиро, ки (аз музди ширдиҳӣ) додаед (ба доягон) бисупоред. Ва (дар ҳама кирдору гуфтор ва рафтору пиндори худ) аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки ҳароина, Аллоҳ бад-ончи мекунед биност.
2:233
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)