Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 232

  1. وَإِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَبَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا تَعْضُلُوهُنَّ أَنْ يَنْكِحْنَ أَزْوَاجَهُنَّ إِذَا تَرَاضَوْا بَيْنَهُمْ بِالْمَعْرُوفِ ۗ ذَٰلِكَ يُوعَظُ بِهِ مَنْ كَانَ مِنْكُمْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۗ ذَٰلِكُمْ أَزْكَىٰ لَكُمْ وَأَطْهَرُ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

    Ва чун занонро талоқ додед, пас ба муддати худ расиданд (ва иддаташон ба поён омад), онгоҳ (эй валиёни амри занон,) эшонро (яъне занонро) танг маёваред (ва манъ макунед), ки шавҳарони (пешинаи) худро никоҳ кунанд, вақте ки (шавҳарон ва занон) бо якдигар бо писандидагӣ (аз рӯи шариат) миёни худ розӣ гаштанд (ва аз ончӣ байнашон гузашта буд пушаймон шуданд. [Маъқил писари Ясор (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар замони Пайғамбар (с) хоҳараш Ҷумайлро ба Абул-бадоҳ писари Осими Ансорӣ ном марде ба занӣ дод ва пас аз муддате Абулбадоҳ Ҷумайлро як талоқ дод ва ӯро бознагардонид, то ин ки иддаташ ба охир расид. Пас Абулбадоҳ бори дигар занашро хостгорӣ кард, аммо Маъқил писари Ясор рад кард ва гуфт, ки ман туро бо хоҳарам икром кардам ва ӯро ба заният додам ва ту талоқаш кардӣ, ба Аллоҳ савганд, ки ӯ ба сӯи ту ҳаргиз бар нахоҳад гашт. Пас Аллоҳ фуруд овард, ки ...فَلَا تَعْضُلُوهُنَّ أَنْ يَنْكِحْنَ أَزْوَاجَهُنَّ... ва чун Маъқил писари Ясор ин оятро шунид гуфт: "Парвардигорамро шунидам ва фармонбардорияш кардам" ва Абулбадоҳро назди худ хонд ва гуфташ: "Хоҳарамро ба никоҳат даровардам ва икромат намудам"[[Нигаред "Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 4529, 5130, 5331 ва "Фатҳул-борӣ" 4977.]].] (Эй мардумон!) Бад-ин (ҳукми Аллоҳ)[[Ҳукми наҳйи манъ кардани занон аз ин ки шавҳарони пешинаи худро никоҳ кунанд.]] касе панд дода мешавад, ки аз миёни шумо ба (шариати) Аллоҳ ва (подошу кайфари) рӯзи бозпасин имон меорад (ва фармонҳои Аллоҳ ва Фиристодаи ӯро мепазирад ва аз наҳйҳояш парҳез мекунад). Ин кор (тарки боздоштани занон аз никоҳ ва пайравии шариати Аллоҳ) барои (обрӯ ва суди) шумо (беҳтар ва) хуштар (ва аз шакку гумонҳои палид ва гуноҳҳо барои дилҳои шумо) покизатар аст. Ва Аллоҳ (суду зиёни шуморо аз шумо беҳтар) медонад ва шумо (суду зиёни худро) намедонед (пас фармудаҳои Аллоҳро пайравӣ кунед).

    2:232

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)