Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 231

  1. وَإِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَبَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ سَرِّحُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ ۚ وَلَا تُمْسِكُوهُنَّ ضِرَارًا لِتَعْتَدُوا ۚ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَقَدْ ظَلَمَ نَفْسَهُ ۚ وَلَا تَتَّخِذُوا آيَاتِ اللَّهِ هُزُوًا ۚ وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَمَا أَنْزَلَ عَلَيْكُمْ مِنَ الْكِتَابِ وَالْحِكْمَةِ يَعِظُكُمْ بِهِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    (Эй мардумон!) Чун занонро талоқ (-и риҷъӣ[[Талоқи риҷъӣ ё раҷъӣ талоқест, ки дар иддати он шавҳар метавонад аз талоқ руҷӯъ кунад ва никоҳро ба ҳолати аввал баргардонад. ]]) додед, пас ба муддати худ расиданд (ва ба поёни иддаташон наздик гаштанд), онгоҳ эшонро (барои исмати никоҳи худ баргардонед) бо писандидагӣ (бо хушхӯӣ ва рафтори накӯ дар хонаҳоятон) нигоҳ доред ё эшонро бо писандидагӣ (бо адо наудани тамоми ҳуқуқашон ва бе дашному носазогӯӣ ва озору душманӣ) раҳо созед (, то иддаташон ба поён расад ва аз ҳам ҷудо шавед ва муддати иддаташонро дароз макунед) ва эшонро (, яъне занонро бо раҷъа) барои зиён (ва озор) расонидан нигоҳ мадоред то аз ҳад (-и некӣ ба ба ҳади озору бадӣ) даргузаред (ва эшонро ситам макунед то барои талоқи худ фидя бидиҳанд). Ва ҳар ки чунин кунад (ва занашро барои зиёну озор расонидан баргардонад то ӯро барои талоқ гирифтан ба додани фидя маҷбур кунад) пас ба дурустӣ бар худ ситам варзида аст (ва хештанро ба азоби Аллоҳ наздик карда аст) ва оятҳои Аллоҳро (бо сустангорӣ ва мухолифати онҳо) ба тамасхур (ва ба беҳудагӣ) магиред (, монанди ин ки касе занашро талоқ диҳад ва чун иддаташ наздик ояд ки ба поён расад, ӯро баргардонад ва гӯяд, ки ман ба шӯхӣ талоқаш додам ва ё ки ба дигаре гӯяд, ки духтарамро ба ту ба занӣ додам ва пас бигӯяд, ки ман ин суханро бо ҳазл гуфтам ва ё ин ки занашро ба бозӣ талоқ кунад). Ва неъматҳои Аллоҳро (, яъне Исломро ки дини доду накӯкориву меҳрубонист,) бар хештан ёд кунед (ва фармудаҳои ӯро ба ҷой оваред ва аз наҳйҳояш дурӣ ҷӯед) ва ончиро, ки ба шумо аз китоб (-и Қуръон) ва дониш (-и суннат ва аҳкоми шариат) фуруд оварда аст, ки он шуморо (бо тарсонидан аз азобаш ва бо фармудаҳо ва наҳйҳояш) панд медиҳад (ва ҳалолу ҳаромро бароятон ошкор месозад, то ин неъматҳоро бо тоату амал намудан шукр варзед ва роҳи рост ёбед ва ба хушбахтии ҳарду ҷаҳон комгор шавед). Ва аз Аллоҳ (дар ҳама корҳо) битарсед (ва гуноҳ маварзед) ва бидонед, ки ҳароина, Аллоҳ ба ҳама чиз доност (ва чизе аз ӯ ниҳон намонад).

    2:231

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)