Мусҳаф, саҳифа 36

  1. لَا يُؤَاخِذُكُمُ اللَّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَٰكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا كَسَبَتْ قُلُوبُكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٌ

    Аллоҳ шуморо ба беҳудагӯӣ дар савгандҳоятон[[Дар маъсияти Аллоҳ, вафо на ба савганд аст ва ба назр ва на дар буридан аз хешовандон ва на дар ончӣ зердаст ва милки шахс набошад, нигаред, "Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 6663.]] (дар дунё бо кафорат ва дар охират бо уқубат) муохаза намекунад (, монанди ин ки бигӯед, "оре, ба Худо" ва "на, ба Худо"), валекин, шумо (дар охират) ба ончӣ муохаза мекунад, ки дилҳои шумо қасд (-и кори баде ва ё дурӯғгӯӣ ё шикастани савганд) карда аст (ва ба чизе ба дурӯғ савганд ёд кардаед, ки он гузашта аст ва шумо медонед, ки он савганд дурӯғ аст). Ва Аллоҳ омурзандаи (беҳудагуиҳои шумо ва дар кайфар кардани шумо) бурдбор аст (, ки уқубути бандагонашро таъхир меандозад).

    2:225
  2. لِلَّذِينَ يُؤْلُونَ مِنْ نِسَائِهِمْ تَرَبُّصُ أَرْبَعَةِ أَشْهُرٍ ۖ فَإِنْ فَاءُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Он касонро, ки занонашонро ило мекунанд[["Ило" савганд хӯрдани шавҳар бар тарки мубоширати занаш аст ва "ило" барои таъдиби занон равост, вале бояд ки аз чаҳор моҳ нарасад. Ва Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) занонашро барои таъдиб як моҳ "ило" карда буд.]] (ва савганд ёд мекунанд, ки бо занони худ, то муддате ҳамхобагӣ намекунанд), чаҳор моҳ интизор кашидан лозим аст (, онгоҳ занонашонро ё бозмегардонанд ё ки талоқ медиҳанд). Пас, агар (аз ин савганд бо муоширати занонашон) бозгаштанд, пас (кафорати савгандро доданд). Ҳароина, Аллоҳ (ба ончӣ шумо дар ҳаққи занони худ тақсир кардаед,) омурзгори меҳрубон аст.

    2:226
  3. وَإِنْ عَزَمُوا الطَّلَاقَ فَإِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Ва агар ҷудоӣ(, яъне талоқ)-ро қасд карданд, пас ҳароина, Аллоҳ шунавои доност.

    2:227
  4. وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ ۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَنْ يَكْتُمْنَ مَا خَلَقَ اللَّهُ فِي أَرْحَامِهِنَّ إِنْ كُنَّ يُؤْمِنَّ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنْ أَرَادُوا إِصْلَاحًا ۚ وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Ва занони талоқшуда бар хештан се бенамозиро бипоянд (ва пас аз поён ёфтани иддаташон шавҳар кунанд) ва эшонро (, яъне он занонро) раво нест, ки ончиро пинҳон доранд, ки Аллоҳ дар заҳдонҳои эшон (аз фарзандон) офарида аст (ва ё ки чун ҳайз бибинанд онро пинҳон доранд ва ба шавҳарҳояшон нагӯянд ва ё ки ҳайз набинанд ва гӯянд, ки ҳайз дидем), агар эшон (яъне он занон) ба Аллоҳ ва рӯзи бозпасин имон овардаанд (ва аз иқоби ӯ метарсанд). Ва шавҳарони эшон дар ин ҳол (, яъне дар иддаташон) ба бозгардонидани эшон (ба зании худ аз дигарон) сазовортаранд, агар эшон (яъне шавҳарон) ислоҳ (ва накӯкорӣ)-ро хоҳанд (ва агар шавҳарон ба ҷои ислоҳу хайр зиёнро ба занони худ хоҳанд, пас эшон ба бозгардондани эшон сазовор нестанд). Ва эшонро (, яъне занонро бар шавҳарон ҳақҳост) монанди он ки (шавҳаронро) бар эшон (яъне бар занон) ба писандидагӣ (ҳақҳо)-ст[[Ҳаққи шавҳар бар занаш ин аст, ки дар ҳар ҳоле, ки бошад ғайри ҳайз ва нифос аз ҳамхуспидан бо шавҳараш саркашӣ накунад ва касеро ки шавҳараш дӯст надорад бе иҷозати ӯ ба хона надарорад, агарчӣ падар ё модар ва ё бародараш бошад ва фарзандонашро нигоҳу бин кунад ва молу дороии шавҳарашро ҳифз кунад ва хонаро бирӯбад ва либосҳои шавҳарашро бишӯяд ва хӯрок бипазад ва шавҳар низ дар ин корҳо ба ӯ ёварӣ кунад ва зан худро назди шавҳараш биорояд ва шавҳар низ худро назди занаш ороиш диҳад. Ва хӯрдану нӯшидан ва пӯшидани зан бар гардани шавҳар аст, ки аз ончӣ мехурад ба занаш хӯронад ва агар барои худ пироҳане бихарад, барои занаш низ бихарад ва бо занаш дуруштию дағалӣ ва носазогӯӣ ва дашном накунад. Агар зан мухолифати зиёд кунад ва шавҳар ночор монад, ӯро бизанад, вале задан сахту ҷонгудоз набошад, ки аз он асаре ё сиёҳие боқӣ мемонад ва бар рӯи зану кӯдакони худ ҳаргиз назанад.]] (, монанди рафтори накӯ ва тарки зиёну осеб, пас ҳар кадоме аз эшон бояд, ҳаққи дигареро ба ҷой оварад). Ва мардонро (бо ҳимоя ва харҷ) бар эшон (, яъне бар занон дар офариниш ва хулқ ва сарварӣ ва манзалат ва ) баландӣ (-ву бартарӣ) аст (, пас занон шавҳарони худро ба некӯӣ фармонбардорӣ кунанд). Ва Аллоҳ (бар саркашон) забардасти (ва дар кори шариати худ) донишманд аст.

    2:228
  5. الطَّلَاقُ مَرَّتَانِ ۖ فَإِمْسَاكٌ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌ بِإِحْسَانٍ ۗ وَلَا يَحِلُّ لَكُمْ أَنْ تَأْخُذُوا مِمَّا آتَيْتُمُوهُنَّ شَيْئًا إِلَّا أَنْ يَخَافَا أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا فِيمَا افْتَدَتْ بِهِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا ۚ وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ

    [Дар оғози Ислом, агар мард занашро сад бор талоқ мекард, ӯ дар бозгардонидани ӯ дар иддаташ сазовортар буд ва чун аз ин кор ба занон зарар мерасид, Аллоҳ талоқро то се бор кӯтоҳ намуд ва як талоқу ду талоқро руҷъа гардонид, валекин дар бори саввум талоқро талоқи ошкоро гардонид. Марде аз ансор занашро талоқ медод, чун иддати зан наздик меомад, ки ба поён расад боз занашро бозмегардонид ва ин корро чандин бор такрор намуд то ин ки ин оят фуруд омад:] Талоқ (-и раҷъӣ) ду бор аст. Онгоҳ, (шавҳар ихтиёр дорад ё занро) ба хушӣ (ва писандидагӣ бозгардонаду) нигоҳ дорад ё ба некӯӣ (бе ранҷу зиён ва бо адои ҳуқуқи эшон) раҳо кунад ва (эй шавҳарон,) барои шумо ҳалол нест, ки (занонатонро танг оваред ва) ончиро биситонед, ки ба эшон (, яъне ба занон аз маҳру кобин) чизе додаед, магар онгоҳ, ки ҳар ду (марду зан) битарсанд, ки (аз сабаби муомилаи бад бо ҳамдигар) ҳудуди Аллоҳро (дар ҳуқуқи заношавҳарӣ) барпо надоранд. Пас агар битарсанд, ки (аз бадии муомала) марзҳои Аллоҳро (дар ҳуқуқи заношавҳарӣ) барпо надоранд, онгоҳ бар он ҳар ду (бар марду зан) гуноҳе нест, дар ончӣ зан (аз моли худ) ба иваз (-и гирифтани талоқ ба шавҳараш) дода аст[["Хулъ" дар ин ҳолатҳо раво аст: Агар зан шавҳарашро ба сабаби халқаш ва ё хулуқаш ва ё нуқсон дар баданаш дӯст надорад ва ҳамроҳи ӯ зистанро тоқат накунад ва ё битарсад, ки агар ҳамроҳи ӯ зиндагӣ кунад, фармудаҳои Аллоҳро ба ҷой оварда натавонад ва шавҳар дар ҳаққи ӯ ситамгор набошад, пас дар ин ҳол равост, ки зан барои талоқи худ ба шавҳараш мол бидиҳад ва ин талоқ "хулъ" ном дорад.]] (ва ё аз маҳри худ даст кашида аст). Ин (ҳукм)-ҳо (дар хусуси талоқ ва талоқи раҷъӣ ва хулъ) марзҳои Аллоҳанд, пас аз онҳо дармагузаред ва ҳар кӣ аз марзҳои Аллоҳ даргузарад (ва марзи ҳалолро шикаста ба марзи ҳаром пой бигузорад), пас он гурӯҳ ситамгоронанд (, ки ба ҷони худ ситам варзида, хештанро ба хашму азоби Аллоҳ афкандаанд).

    2:229
  6. فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُ مِنْ بَعْدُ حَتَّىٰ تَنْكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُ ۗ فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا أَنْ يَتَرَاجَعَا إِنْ ظَنَّا أَنْ يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ ۗ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

    Пас, агар ӯро (яъне занро бори саввум) талоқ дод, онгоҳ он зан баъд аз он (талоқи саввум) барои он мард ҳалол нест, то ин ки он зан ғайри ӯ ба дигаре шавҳар кунад (ва дар бистари хоб ширинии ҳамдигарро бичашанду аз якдигар ком биситонанд). Пас агар (шавҳари дуввум он занро пас аз ком бардоштан, бо ихтиёри худ) талоқ диҳад (ва ё аз ҷаҳон даргузарад), онгоҳ бар он ҳар ду (бар зани талоқшуда ва шавҳари якумаш) ҳеҷ гуноҳе нест, ки пас (аз поён расидани иддат) ба ҳам (ба никоҳ) бозгарданд (ва аз нав паймони никоҳ банданд, вале бад-ин шарт ки) агар пиндоранд, ки ҳар ду марзҳои Аллоҳро барпо медоранд (ва бо накӯӣ ҳамзистӣ мекунанд ва ҳар яке ҳуқуқи дигарро риоя менамояд). Ва ин (ҳукм)-ҳо (шариат ва ҳукмҳову) марзҳои Аллоҳанд, ки (Аллоҳ) онҳоро барои қавме ки медонанд, равшан месозад (, зеро донишмандон дар назди марзҳои Аллоҳ бозмеистанд ва аз онҳо дарнамегузаранд).

    2:230

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)