Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 228

  1. وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ ۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَنْ يَكْتُمْنَ مَا خَلَقَ اللَّهُ فِي أَرْحَامِهِنَّ إِنْ كُنَّ يُؤْمِنَّ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنْ أَرَادُوا إِصْلَاحًا ۚ وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Ва занони талоқшуда бар хештан се бенамозиро бипоянд (ва пас аз поён ёфтани иддаташон шавҳар кунанд) ва эшонро (, яъне он занонро) раво нест, ки ончиро пинҳон доранд, ки Аллоҳ дар заҳдонҳои эшон (аз фарзандон) офарида аст (ва ё ки чун ҳайз бибинанд онро пинҳон доранд ва ба шавҳарҳояшон нагӯянд ва ё ки ҳайз набинанд ва гӯянд, ки ҳайз дидем), агар эшон (яъне он занон) ба Аллоҳ ва рӯзи бозпасин имон овардаанд (ва аз иқоби ӯ метарсанд). Ва шавҳарони эшон дар ин ҳол (, яъне дар иддаташон) ба бозгардонидани эшон (ба зании худ аз дигарон) сазовортаранд, агар эшон (яъне шавҳарон) ислоҳ (ва накӯкорӣ)-ро хоҳанд (ва агар шавҳарон ба ҷои ислоҳу хайр зиёнро ба занони худ хоҳанд, пас эшон ба бозгардондани эшон сазовор нестанд). Ва эшонро (, яъне занонро бар шавҳарон ҳақҳост) монанди он ки (шавҳаронро) бар эшон (яъне бар занон) ба писандидагӣ (ҳақҳо)-ст[[Ҳаққи шавҳар бар занаш ин аст, ки дар ҳар ҳоле, ки бошад ғайри ҳайз ва нифос аз ҳамхуспидан бо шавҳараш саркашӣ накунад ва касеро ки шавҳараш дӯст надорад бе иҷозати ӯ ба хона надарорад, агарчӣ падар ё модар ва ё бародараш бошад ва фарзандонашро нигоҳу бин кунад ва молу дороии шавҳарашро ҳифз кунад ва хонаро бирӯбад ва либосҳои шавҳарашро бишӯяд ва хӯрок бипазад ва шавҳар низ дар ин корҳо ба ӯ ёварӣ кунад ва зан худро назди шавҳараш биорояд ва шавҳар низ худро назди занаш ороиш диҳад. Ва хӯрдану нӯшидан ва пӯшидани зан бар гардани шавҳар аст, ки аз ончӣ мехурад ба занаш хӯронад ва агар барои худ пироҳане бихарад, барои занаш низ бихарад ва бо занаш дуруштию дағалӣ ва носазогӯӣ ва дашном накунад. Агар зан мухолифати зиёд кунад ва шавҳар ночор монад, ӯро бизанад, вале задан сахту ҷонгудоз набошад, ки аз он асаре ё сиёҳие боқӣ мемонад ва бар рӯи зану кӯдакони худ ҳаргиз назанад.]] (, монанди рафтори накӯ ва тарки зиёну осеб, пас ҳар кадоме аз эшон бояд, ҳаққи дигареро ба ҷой оварад). Ва мардонро (бо ҳимоя ва харҷ) бар эшон (, яъне бар занон дар офариниш ва хулқ ва сарварӣ ва манзалат ва ) баландӣ (-ву бартарӣ) аст (, пас занон шавҳарони худро ба некӯӣ фармонбардорӣ кунанд). Ва Аллоҳ (бар саркашон) забардасти (ва дар кори шариати худ) донишманд аст.

    2:228

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)