Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 229

  1. الطَّلَاقُ مَرَّتَانِ ۖ فَإِمْسَاكٌ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌ بِإِحْسَانٍ ۗ وَلَا يَحِلُّ لَكُمْ أَنْ تَأْخُذُوا مِمَّا آتَيْتُمُوهُنَّ شَيْئًا إِلَّا أَنْ يَخَافَا أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا فِيمَا افْتَدَتْ بِهِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا ۚ وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ

    [Дар оғози Ислом, агар мард занашро сад бор талоқ мекард, ӯ дар бозгардонидани ӯ дар иддаташ сазовортар буд ва чун аз ин кор ба занон зарар мерасид, Аллоҳ талоқро то се бор кӯтоҳ намуд ва як талоқу ду талоқро руҷъа гардонид, валекин дар бори саввум талоқро талоқи ошкоро гардонид. Марде аз ансор занашро талоқ медод, чун иддати зан наздик меомад, ки ба поён расад боз занашро бозмегардонид ва ин корро чандин бор такрор намуд то ин ки ин оят фуруд омад:] Талоқ (-и раҷъӣ) ду бор аст. Онгоҳ, (шавҳар ихтиёр дорад ё занро) ба хушӣ (ва писандидагӣ бозгардонаду) нигоҳ дорад ё ба некӯӣ (бе ранҷу зиён ва бо адои ҳуқуқи эшон) раҳо кунад ва (эй шавҳарон,) барои шумо ҳалол нест, ки (занонатонро танг оваред ва) ончиро биситонед, ки ба эшон (, яъне ба занон аз маҳру кобин) чизе додаед, магар онгоҳ, ки ҳар ду (марду зан) битарсанд, ки (аз сабаби муомилаи бад бо ҳамдигар) ҳудуди Аллоҳро (дар ҳуқуқи заношавҳарӣ) барпо надоранд. Пас агар битарсанд, ки (аз бадии муомала) марзҳои Аллоҳро (дар ҳуқуқи заношавҳарӣ) барпо надоранд, онгоҳ бар он ҳар ду (бар марду зан) гуноҳе нест, дар ончӣ зан (аз моли худ) ба иваз (-и гирифтани талоқ ба шавҳараш) дода аст[["Хулъ" дар ин ҳолатҳо раво аст: Агар зан шавҳарашро ба сабаби халқаш ва ё хулуқаш ва ё нуқсон дар баданаш дӯст надорад ва ҳамроҳи ӯ зистанро тоқат накунад ва ё битарсад, ки агар ҳамроҳи ӯ зиндагӣ кунад, фармудаҳои Аллоҳро ба ҷой оварда натавонад ва шавҳар дар ҳаққи ӯ ситамгор набошад, пас дар ин ҳол равост, ки зан барои талоқи худ ба шавҳараш мол бидиҳад ва ин талоқ "хулъ" ном дорад.]] (ва ё аз маҳри худ даст кашида аст). Ин (ҳукм)-ҳо (дар хусуси талоқ ва талоқи раҷъӣ ва хулъ) марзҳои Аллоҳанд, пас аз онҳо дармагузаред ва ҳар кӣ аз марзҳои Аллоҳ даргузарад (ва марзи ҳалолро шикаста ба марзи ҳаром пой бигузорад), пас он гурӯҳ ситамгоронанд (, ки ба ҷони худ ситам варзида, хештанро ба хашму азоби Аллоҳ афкандаанд).

    2:229

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)