Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 113 – 121
-
وَقَالَتِ الْيَهُودُ لَيْسَتِ النَّصَارَىٰ عَلَىٰ شَيْءٍ وَقَالَتِ النَّصَارَىٰ لَيْسَتِ الْيَهُودُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَهُمْ يَتْلُونَ الْكِتَابَ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۚ فَاللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Яҳудиён гуфтанд: "Масеҳиён барҳақ [ва бар оини саҳеҳе] нестанд" ва масеҳиён [низ] гуфтанд: "Яҳудиён барҳақ [ва бар оини саҳеҳе] нестанд", дар ҳоле ки [ҳар ду гурӯҳи] онон китоб [-и осмонӣ]–ро мехонанд. Ҳамчунин, касоне [монанди мушрикон], ки [аз паёми илоҳӣ ҳеҷ] намедонанд [сухане] ҳаммонанди онон гуфтанд. Пас, Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат дар мавриди он чи бо ҳам ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ хоҳад кард
2:113 -
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ مَنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَنْ يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَا ۚ أُولَٰئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَنْ يَدْخُلُوهَا إِلَّا خَائِفِينَ ۚ لَهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Кист ситамгортар аз он, ки аз бурдани номи Аллоҳ таоло дар масоҷид ҷилавгирӣ кунад ва дар вайронии онҳо бикӯшад?! Шоиста нест, ки онон ҷуз бо ҳоли ваҳшату тарс вориди ин масоҷид шаванд. Баҳраи онон дар дунё хорӣ ва расвоӣ аст ва дар охират [низ] азоби бузурге [дар пеш] доранд
2:114 -
وَلِلَّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ ۚ فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ
Машриқу мағриб аз они Аллоҳ таоло аст, пас, ба ҳар сӯйе рӯ кунед, рӯ [ба] Аллоҳ таоло аст. Ҳамоно Аллоҳ таоло кушоишгари доност
2:115 -
وَقَالُوا اتَّخَذَ اللَّهُ وَلَدًا ۗ سُبْحَانَهُ ۖ بَلْ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ كُلٌّ لَهُ قَانِتُونَ
[Аҳли китоб ва мушрикон] Гуфтанд: "Аллоҳ таоло [барои худ] фарзанде баргузидааст". Ӯ [аз чунин нисбатҳое] муназзаҳ [-у пок] аст. [Аллоҳ таоло на танҳо ниёзе ба фарзанд надорад, балки] Он чи дар осмонҳо ва замин аст, мутааллиқ ба Ӯст, [ва] ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд
2:116 -
بَدِيعُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَإِذَا قَضَىٰ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ
[Ӯ] падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва чун ба коре ирода фармояд, танҳо ба он мегӯяд: "Бош", пас, мешавад
2:117 -
وَقَالَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ لَوْلَا يُكَلِّمُنَا اللَّهُ أَوْ تَأْتِينَا آيَةٌ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۘ تَشَابَهَتْ قُلُوبُهُمْ ۗ قَدْ بَيَّنَّا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ
Онон, ки [аз аҳли китоб ва мушрикон ҳастанд ва аз оини илоҳи чизе] намедонанд гуфтанд: "Чаро Аллоҳ таоло бо мо сухан намегӯяд? Ё [чаро] муъҷиза ва нишонае барои мо намеояд"? Касоне, ки пеш аз эшон буданд, ҳамин гуна сухан мегуфтанд. [Афкор ва] Дилҳояшон ҳаммонанди якдигар аст. Бе тардид, мо нишонаҳо [–и яктоӣ ва қудрати хеш]–ро барои гурӯҳе, ки яқин доранд, ошкор ва равшан сохтаем
2:118 -
إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ بِالْحَقِّ بَشِيرًا وَنَذِيرًا ۖ وَلَا تُسْأَلُ عَنْ أَصْحَابِ الْجَحِيمِ
[Эй паёмбар] Мо туро ба ҳақ фиристодем, то башоратбахшу бимдиҳанда бошӣ ва [ту ҳаргиз дар охират] дар бораи [куфру бединии] дузахиён бозхост нахоҳӣ шуд
2:119 -
وَلَنْ تَرْضَىٰ عَنْكَ الْيَهُودُ وَلَا النَّصَارَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمْ ۗ قُلْ إِنَّ هُدَى اللَّهِ هُوَ الْهُدَىٰ ۗ وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ بَعْدَ الَّذِي جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ
Яҳудиён ва масеҳиён ҳаргиз аз ту хушнуд нахоҳанд шуд, магар ин ки аз оини онон пайравӣ кунӣ. Бигӯ: "Бе тардид, ҳидоят [-и ростин] ҳидояти Аллоҳ таоло аст" ва [яқин бидон] агар пас аз донише, ки ба ту расидааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунӣ, дар баробари Аллоҳ таоло ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳӣ дошт
2:120 -
الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَتْلُونَهُ حَقَّ تِلَاوَتِهِ أُولَٰئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۗ وَمَنْ يَكْفُرْ بِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ
Касоне, ки китоби осмонӣ [Таврот ва Инҷил] ба онҳо додаем [ва] онро чунон, ки шоистааст мехонанд, ба [матолиби] он [ки дар бораи ҳаққонияти Муҳаммад ва рисолаташ мебошад] имон меоваранд; ва касоне, ки ба ӯ [ва оинаш] кофир шаванд, онон зиёндидагонанд
2:121
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»