Мусҳаф, саҳифа 47
-
الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا ۚ فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَىٰ فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ ۖ وَمَنْ عَادَ فَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Касоне ки суд[[Суд зиёдатиест, ки аз муомала бо нақд ва ё хӯрданӣ дар муддати муайян ва дар миқдори муайян гирифта мешавад, чунончи ба касе сад динор бидиҳад ва бигӯядаш, ки пас аз моҳе саду бист динор ва ё бештар аз он ба ман бармегардонӣ. Ё ки касе қарз бигирад ва дар муддаташ онро баргардондан натавонад ва ба соҳиби мол бигӯяд, ки муддати қарзро зиёд кун, то ман молро зиёд кунам.]] (мегиранд ва) мехӯранд (ва хуни мардумро бо он мемаканд, рӯзи қиёмат аз гӯрҳояшон аз сахтии тарс) барнамехезанд, магар чунонкӣ он кас бармехезад, ки ӯро шайтон ба девонагӣ осеб расонида аст (, ки гоҳ меафтад ва гоҳ бармехезад). Ин (девонавор бархостани онҳо рӯзи қиёмат,) бад-он сабаб аст, ки (судхӯрон ба ҳукми Аллоҳ эътирозкунон) гуфтанд: «(Судхӯрӣ ҳаром нест,) ҷуз ин нест, ки савдогарӣ монанди судхӯрист». Ва ҳол он ки Аллоҳ (рибҳ ва хариду фурӯши) савдогариро ҳалол намуд ва судхӯриро (аз сабаби зиёнҳояш) ҳаром гардонид. Пас ҳар киро аз ҷониби парвардигораш (дар бораи ҳаром будани судхӯрӣ ва саранҷоми бад ва иқоби он) ба ӯ панде омад, пас (аз судхӯрӣ тавба кард ва аз таомули судхӯрӣ) бозмонд, пас ончӣ гузашт (ва ончӣ аз судхӯрӣ чизе пеш аз таҳрими он хӯрда ва гирифта буд), ӯрост. Ва кор(-и афв)–и ӯ ба сӯи Аллоҳ (вогузор) аст (, агар хоҳад, биомурзадаш ва агар на, азобаш кунад). Пас ҳар кӣ (баъд аз таҳримаш ба судхӯрӣ) бозгашт, пас он гурӯҳ бошандагони дӯзаханд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд.
2:275 -
يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَا وَيُرْبِي الصَّدَقَاتِ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ
Аллоҳ судро (, яъне риборо) нобуд месозад (ва баракаташро мебарад ва рӯзи қиёмат барои он уқубаташ мекунад) ва садақаҳоро (бо дасти росташ мепазирад, сипас онро) афзунӣ мебахшад (ва савобу баракаташро меафзояд, то ин ки луқмае аз садақаро, монанди кӯҳе бузург мегардонад). Ва Аллоҳ ҳар (судхӯри) носипоси гуноҳпешаро дӯст намедорад.
2:276 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Ҳароина, касоне ки (ба Аллоҳ ва Фиристодаи ӯ ва китобҳои илоҳӣ ва ба таҳрими судхӯрӣ) имон оварданд ва корҳои накӯ карданд ва намоз(-и фариза)-ро (бо адои ҳуқуқ, шурут ва аркону суннатҳову мустаҳабботаш) барпо доштанд ва закот(-и фариза)-ро пардохтанд, эшонро (рӯзи қиёмат) назди Аллоҳ музди (имон ва кирдор ва садақаҳои) эшон бошад ва на эшонро (аз азоби Аллоҳ дар охират) тарсест ва на эшон (дар ҷаҳон) андӯҳгин шаванд.
2:277 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ
[Гурӯҳе бар Ислом гаравиданд ва бар мардумони дигар аз моли рибо қарз доштанд, пас Аллоҳи бузургвор боқимондаи риборо аз эшон афв кард ва фармудашон, ки фақат сармояи худро бе рибо аз эшон бигиранд:] Эй касоне ки (ба Аллоҳ ва Фиристодаи ӯ) имон оварданд, аз Аллоҳ (бо фармонбардорӣ ва дур гаштан аз наҳйҳояш) битарсед (ва хештанро ҳамеша назорат намоед) ва (талаби) ончиро раҳо кунед, ки аз суд (дар назди мардум) бозмонда аст, агар (ба Аллоҳ ва Пайғамбару китоби ӯ) мӯъминон ҳастед (, пас имонатонро бо сухан ва тасдиқи забон ва кирдорҳо таҳқиқ намоед ва баъд аз донистани таҳрими рибо онро талаб нанамоед).
2:278 -
فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ ۖ وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ
[Ин оят дар бораи қабилаи Амр писари Умайр аз Сақиф ва қабилаи Муғира аз қабилаи Махзум фуруд омада аст, ки дар рӯзгори ҷоҳилият миёни онҳо рибо буд, чун ба Ислом даромаданд, қабилаи Сақиф хост, ки аз қабилаи Муғира риборо бигирад вале қабилаи Муғира посух дод, ки мо риборо дар Ислом намедиҳем. Иқоб писари Усайд ноиби Макка ба Пайғамбари Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нома навишт ва ин оят фуруд омад ва Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро ба сӯи эшон навишта фиристод. Чун оятро диданд, гуфтанд, ки ба сӯи Аллоҳ тавба кардем ва ончиро аз рибо боқӣ монда аст, фурӯ гузоштем:] Пас, агар (бозмондаҳои судро раҳо) накардед, онгоҳ ба ҷанге аз ҷониби Аллоҳ ва фиристодаи ӯ огоҳ бошед (, ки ба ҷанги Аллоҳ ва фиристодаи ӯ бархостаед). Ва агар тавба кардед (ва аз судхӯрӣ баргаштед), пас шуморо сармояҳои дороии шумост [[Дар Ислом, агар касе судхӯри намояд ва аз он даст накашад, ба пешвои мусалмонон воҷиб аст, ки ӯро ба тавба кардан ва тарк намудани судхӯрӣ фармон диҳад, агар саркашӣ кунад, гарданаш бизанад.]] (, яъне шуморо фақат қарзҳоест, ки ба мардум додаед ва пас) на шумо (бо гирифтани рибо бар мардумон) ситам кунед ва на (аз ҷониби қарздор бо кам кардан аз дороии шумо ҳангоми бозгардонидани қарз) бар шумо ситам карда шавад.
2:279 -
وَإِنْ كَانَ ذُو عُسْرَةٍ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيْسَرَةٍ ۚ وَأَنْ تَصَدَّقُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Ва агар (қарздор) тангдаст бошад (ва баргардонидани қарз барояш душворӣ кунад), пас (соҳиби мол ӯро) то фарохдастӣ мӯҳлат бидиҳад (, на чунонки дар рӯзгори ҷоҳилият мегуфтед, ки ё қарзро бармегардонӣ ва ё ба ман рибо медиҳӣ). Ва ин ки (аз сармояи худ бар қарздори тангдаст) садақа бидиҳед (ва аз қарзи худ бар ӯ гузашт кунед), барои шумо беҳтар аст, агар медонед.
2:280 -
وَاتَّقُوا يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى اللَّهِ ۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
[Вопасин ояти Қуръони гаронқадр ки ба Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фуруд омад ҳамин оят аст, ки пас аз нӯҳ шаби фуруд омадани ин оят рӯзи душанбеи дуввуми моҳи Рабиъул-аввал аз ҷаҳон даргузашт:] (Эй мардумон!) Аз рӯзе битарсед, ки дар он (рӯз) ба сӯи Аллоҳ бозгардонида мешавед (ва бо ӯ рӯ ба рӯ мегардед), онгоҳ ҳар касе (подоши) ончиро карда аст (дар он рӯз) пурра дода мешавад ва эшон (бо кам гаштани савоб ва ё зиёд шудани кирдори бад) ситам карда намешаванд.
2:281
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)