Мусҳаф, саҳифа 46
-
وَمَا أَنْفَقْتُمْ مِنْ نَفَقَةٍ أَوْ نَذَرْتُمْ مِنْ نَذْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُهُ ۗ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ
(Эй муъминон!) Ва ҳар чӣ аз нафақа (ва садақа ва закот дар роҳи Аллоҳ) харҷ кардед ё аз назр[[Назр корест инсон онро барои наздик гаштан ба сӯи Аллоҳ бар худ воҷиб мекунад ва он фақат барои Аллоҳ анҷом дода мешавад, на дар маъсият ва на барои авлиё ва на барои солиҳон ва на барои пайғамбарон ва на барои шаҳидон. Назр агар барои касе ғайр аз Аллоҳи якто анҷом дода шавад, ҳаром ва ширк аст, монанди ин ки назди мазоре ва ё қабре инсон бигӯяд, ки агар ин ҳоҷатамро бароварда созӣ, бароят қурбонӣ мекунам ва ё бигӯяд, ки агар фалон чизро ба даст орам, бинои гӯратро девор мекунам ва ё дар сари мақбараат чироғ мегузорам ва худоӣ медиҳам.]] назр намудед (ва ба он назр вафо намудед), пас ҳароина, Аллоҳ онро медонад (ва мешуморад ва бо он шуморо подош медиҳад ва ҳар киро садақа ё назраш барои шайтон бошад, ба азоби дарднок кайфар мекунад). Ва ситамгоронро (он касонеро ки закот ва назрро бозмедоранд ва онро дар маъсияти Аллоҳ харҷ мекунанд, рӯзи қиёмат аз азоби Аллоҳ) ҳеҷ ёридиҳандае нест.
2:270 -
إِنْ تُبْدُوا الصَّدَقَاتِ فَنِعِمَّا هِيَ ۖ وَإِنْ تُخْفُوهَا وَتُؤْتُوهَا الْفُقَرَاءَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۚ وَيُكَفِّرُ عَنْكُمْ مِنْ سَيِّئَاتِكُمْ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
Агар садақот(-и фариза)-ро ошкор кунед, пас он зиҳӣ корест. Ва агар онро (яъне садақоти нофиларо) пинҳон кунед ва онро ба дармондагон бидиҳед, пас ин кор (, яъне додани садақа ба ниҳон) барои шумо беҳтар аст (, зеро ин кор аз риё дуртар аст ва ҳар ончӣ ба ошкору ниҳон садақа мекунед, пазируфта мешавад, валекин ба шарте ки нийят содиқона бошад. Садақа гуноҳҳоро хомӯш мекунад, чунончи об оташро хомӯш менамояд) ва (Аллоҳ бо садақаҳоятон) бархе аз зиштиҳои шуморо мепӯшонад (ва балоҳо ва бадиҳои дунявӣ ва ухравиро дафъ мекунад ва дараҷаҳоятонро баланд мекунад). Ва Аллоҳ бад-ончӣ (ба ошкору ниҳон садақа ва дигар корҳо) мекунед, огоҳ аст.
2:271 -
لَيْسَ عَلَيْكَ هُدَاهُمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَلِأَنْفُسِكُمْ ۚ وَمَا تُنْفِقُونَ إِلَّا ابْتِغَاءَ وَجْهِ اللَّهِ ۚ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تُظْلَمُونَ
[Мусалмонон ба хешовандони мушрики худ садақа намекарданд ва бо ин кор умед доштанд, ки онҳо ба Ислом хоҳанд гаравид, онгоҳ Аллоҳ барояшон равшан сохт, ки садақа додан ва надодани эшон ба раҳнамунии кофирон асар нахоҳад кард, зеро раҳнамуниву тасарруф, ба дасти Аллоҳ аст[[Нигаред, Табарӣ; 6202.]] :] (Эй Муҳаммад, бар ту фақат даъвати мардумон аст ва) бар ту раҳнамунии эшон (ба сӯи Ислом) нест, валекин Аллоҳ ҳар киро хоҳад роҳ менамояд (то ба дини Ислом дарояд, пас садақаро аз эшон боз мадор)! Ва аз мол харҷ макунед, магар ки барои ҷустани хушнудии Аллоҳ (ва ҳар кӣ барои хушнудии Аллоҳ садақа кард, муздашро Аллоҳи додор хоҳад дод, агарчӣ садақа ба дасти бадкор, зиногар ва ё дузд ё тавонгар афтад). Ва ҳар чӣ аз мол (барои хушнудии Аллоҳ) харҷ кардед, (савоби он) ба сӯи шумо баргардонида мешавад ва шуморо ситам накунанд (ва чизе аз савоби инфоқи шумо кам нашавад).
2:272 -
لِلْفُقَرَاءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِي الْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ الْجَاهِلُ أَغْنِيَاءَ مِنَ التَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُمْ بِسِيمَاهُمْ لَا يَسْأَلُونَ النَّاسَ إِلْحَافًا ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ
[Ин оят дар ҳаққи аҳли суффа фуруд омада, ки чаҳорсад нафар аз муҳоҷирон буданд ва Қуръон меомухтанд ва дар ҷангҳо ва сароё берун мерафтанд:] (Садақа) барои дармондагонест, ки (аз хонаву дар ва аз ватанашон бароварда шуданд ва) дар роҳи Аллоҳ (дар ҷиҳод аз касби рӯзӣ) роҳбанд карда шуданд (, ки ба сабаби донишомузӣ ва ё ҷиҳод ё барои савдогарӣ ва рӯзиҷӯӣ) дар замин гаштан (ва сафар кардан) наметавонанд. Нодон (аз рӯи гуфтору ҳолашон) ба сабаби хештандорӣ (ва порсогӣ ва иффатпешагӣ ва аз дархост парҳез кардан) эшонро тавонгар мепиндорад. (Эй Муҳаммад, ту) эшонро аз чеҳраҳояшон (ва аз хоксориву фурӯтанӣ ва асари ҷуҳдашон ва аз заифӣ ва ҷомаҳои куҳнаашон) мешиносӣ. (Ҳангоми ночорӣ,) аз мардумон бо исрор дархост намекунанд (, балки бо лутф дархост менамоянд). Ва ҳар чӣ аз мол (барои хушнудииАллоҳ) харҷ кунед, пас ҳароина, Аллоҳ ба он доност (ва подошатонро ба некӯӣ хоҳад дод).
2:273 -
الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ سِرًّا وَعَلَانِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Касоне ки дороиашонро (ҳамеша) шабу рӯз ва пинҳону ошкоро, (дар роҳи Аллоҳ ва хушнудии ӯ) харҷ мекунанд, пас эшонро назди Парвардигорашон музди (накӯии) эшон бошад ва (рӯзи қиёмат) бар эшон на тарсест ва на эшон (аз он чӣ дар ҷаҳон гузашта аст,) андӯҳгин шаванд.
2:274
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)