Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 270

  1. وَمَا أَنْفَقْتُمْ مِنْ نَفَقَةٍ أَوْ نَذَرْتُمْ مِنْ نَذْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُهُ ۗ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ

    (Эй муъминон!) Ва ҳар чӣ аз нафақа (ва садақа ва закот дар роҳи Аллоҳ) харҷ кардед ё аз назр[[Назр корест инсон онро барои наздик гаштан ба сӯи Аллоҳ бар худ воҷиб мекунад ва он фақат барои Аллоҳ анҷом дода мешавад, на дар маъсият ва на барои авлиё ва на барои солиҳон ва на барои пайғамбарон ва на барои шаҳидон. Назр агар барои касе ғайр аз Аллоҳи якто анҷом дода шавад, ҳаром ва ширк аст, монанди ин ки назди мазоре ва ё қабре инсон бигӯяд, ки агар ин ҳоҷатамро бароварда созӣ, бароят қурбонӣ мекунам ва ё бигӯяд, ки агар фалон чизро ба даст орам, бинои гӯратро девор мекунам ва ё дар сари мақбараат чироғ мегузорам ва худоӣ медиҳам.]] назр намудед (ва ба он назр вафо намудед), пас ҳароина, Аллоҳ онро медонад (ва мешуморад ва бо он шуморо подош медиҳад ва ҳар киро садақа ё назраш барои шайтон бошад, ба азоби дарднок кайфар мекунад). Ва ситамгоронро (он касонеро ки закот ва назрро бозмедоранд ва онро дар маъсияти Аллоҳ харҷ мекунанд, рӯзи қиёмат аз азоби Аллоҳ) ҳеҷ ёридиҳандае нест.

    2:270

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)