Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 271
-
إِنْ تُبْدُوا الصَّدَقَاتِ فَنِعِمَّا هِيَ ۖ وَإِنْ تُخْفُوهَا وَتُؤْتُوهَا الْفُقَرَاءَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۚ وَيُكَفِّرُ عَنْكُمْ مِنْ سَيِّئَاتِكُمْ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
Агар садақот(-и фариза)-ро ошкор кунед, пас он зиҳӣ корест. Ва агар онро (яъне садақоти нофиларо) пинҳон кунед ва онро ба дармондагон бидиҳед, пас ин кор (, яъне додани садақа ба ниҳон) барои шумо беҳтар аст (, зеро ин кор аз риё дуртар аст ва ҳар ончӣ ба ошкору ниҳон садақа мекунед, пазируфта мешавад, валекин ба шарте ки нийят содиқона бошад. Садақа гуноҳҳоро хомӯш мекунад, чунончи об оташро хомӯш менамояд) ва (Аллоҳ бо садақаҳоятон) бархе аз зиштиҳои шуморо мепӯшонад (ва балоҳо ва бадиҳои дунявӣ ва ухравиро дафъ мекунад ва дараҷаҳоятонро баланд мекунад). Ва Аллоҳ бад-ончӣ (ба ошкору ниҳон садақа ва дигар корҳо) мекунед, огоҳ аст.
2:271
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)