Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 272

  1. لَيْسَ عَلَيْكَ هُدَاهُمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَلِأَنْفُسِكُمْ ۚ وَمَا تُنْفِقُونَ إِلَّا ابْتِغَاءَ وَجْهِ اللَّهِ ۚ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تُظْلَمُونَ

    [Мусалмонон ба хешовандони мушрики худ садақа намекарданд ва бо ин кор умед доштанд, ки онҳо ба Ислом хоҳанд гаравид, онгоҳ Аллоҳ барояшон равшан сохт, ки садақа додан ва надодани эшон ба раҳнамунии кофирон асар нахоҳад кард, зеро раҳнамуниву тасарруф, ба дасти Аллоҳ аст[[Нигаред, Табарӣ; 6202.]] :] (Эй Муҳаммад, бар ту фақат даъвати мардумон аст ва) бар ту раҳнамунии эшон (ба сӯи Ислом) нест, валекин Аллоҳ ҳар киро хоҳад роҳ менамояд (то ба дини Ислом дарояд, пас садақаро аз эшон боз мадор)! Ва аз мол харҷ макунед, магар ки барои ҷустани хушнудии Аллоҳ (ва ҳар кӣ барои хушнудии Аллоҳ садақа кард, муздашро Аллоҳи додор хоҳад дод, агарчӣ садақа ба дасти бадкор, зиногар ва ё дузд ё тавонгар афтад). Ва ҳар чӣ аз мол (барои хушнудии Аллоҳ) харҷ кардед, (савоби он) ба сӯи шумо баргардонида мешавад ва шуморо ситам накунанд (ва чизе аз савоби инфоқи шумо кам нашавад).

    2:272

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)