Мусҳаф, саҳифа 45
-
وَمَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ وَتَثْبِيتًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ كَمَثَلِ جَنَّةٍ بِرَبْوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٌ فَآتَتْ أُكُلَهَا ضِعْفَيْنِ فَإِنْ لَمْ يُصِبْهَا وَابِلٌ فَطَلٌّ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
[Ин оят дар бораи Усмон писари Аффон ва Абдураҳмон писари Авф дар ғазваи Табук фуруд омада аст. Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ҳазор шутурро бо бору банду афзораш омода карда буд ва Абдураҳмон писари Авф аз ҳашт ҳазор динор, чаҳор ҳазорашро дар роҳи хушнудии Аллоҳ барои омода кардани сипоҳ инфоқ кард.] Ва достони касоне ки молҳои худро барои ҷустани хушнудии Аллоҳ ва аз рӯи субот(ва яқину имон)-и дилҳояшон (дар тоати Аллоҳ, барои дини Ислом, бо умеди савобу подоши накӯ) харҷ мекунанд, монанди боғест, ба баландие ки ба он борони сахт расид, онгоҳ меваҳои худро дучанд бор овард. Пас, агар ӯро борони сахт намерасид, онгоҳ борони андак (басандааш мебуд, яъне инфоқи мӯъминони содиқ, ки бо он хушнудии Парвардигорашонро мехоҳанд, назди Аллоҳ пазируфта мешавад ва дучанд афзун карда мешавад, агарчӣ фаровон бошад ва ё андак). Ва Аллоҳ бад-ончӣ мекунед, биност (ва медонад, ки кадоме барои худнамоӣ ва кадоме барои хушнудии ӯ дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунад ва бо он подошаш мекунад).
2:265 -
أَيَوَدُّ أَحَدُكُمْ أَنْ تَكُونَ لَهُ جَنَّةٌ مِنْ نَخِيلٍ وَأَعْنَابٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ لَهُ فِيهَا مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ وَأَصَابَهُ الْكِبَرُ وَلَهُ ذُرِّيَّةٌ ضُعَفَاءُ فَأَصَابَهَا إِعْصَارٌ فِيهِ نَارٌ فَاحْتَرَقَتْ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ
[Аллоҳ дар ин оят барои кирдор достон оварда аст, ки марде доро ва тавонгар ки дар тоати Аллоҳ мекӯшид, сипас Аллоҳ ба сӯи ӯ шайтонро мефиристад, то гуноҳ меварзад ва кирдорҳои накӯяшро табоҳ месозад.] (Эй касоне ки молатонро дар ғайри ҷустани хушнудии Аллоҳ харҷ мекунед!) Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки ӯро боғе аз хурмо ва ангур бошад, ки зери (дарахтони) он боғ ҷӯйҳо мераванд, дар он боғ, гирдбоде вазад, ки дар он (гирдбод) оташ бошад, онгоҳ (ҳама дарахтон ва меваҳои) боғ (пок) сӯхта шавад (ва ҳоли касе ки ба риё ва миннату озурдан инфоқ кунад, ҳамчунин аст, пас на ӯро дар ин ҳангом қуввате аст то монанди боғаш боғи дигаре бипарварад ва на фарзандонаш тавонанд, ки ӯро ёрмандӣ кунанд ва боғро ба ӯ баргардонанд ва ё боғе дигар парвариш кунанд, пас ҳоли ин марди пир ва фарзандони нотавони ӯ чӣ гуна хоҳад буд ва эшон дар чунин ҳол ба ин боғ сахт ниёз доранд ва рӯзи қиёмат низ кирдори худнамоён ва мунофиқон ҳангоме барбод мешаванд, ки эшон ба он кирдор сахт муҳтоҷанд). Бад-ин сон, Аллоҳ оятҳоро (дар ақида ва ибодот ва муомалот ва одоб) барои шумо равшан месозад, то бошад, ки биандешед (ва дар равшании онҳо раҳнамунӣ ёбед ва растагор шавед).
2:266 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا كَسَبْتُمْ وَمِمَّا أَخْرَجْنَا لَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ ۖ وَلَا تَيَمَّمُوا الْخَبِيثَ مِنْهُ تُنْفِقُونَ وَلَسْتُمْ بِآخِذِيهِ إِلَّا أَنْ تُغْمِضُوا فِيهِ ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ
Эй касоне ки (ба Аллоҳ ва Пайғамбари ӯ ва китобаш) имон овардед, аз он покизагиҳое ки (бо бозаргонии ҳалол ё саноат аз моли сара ва беҳтарини худ, монанди тилло ва нуқра ва хурмо ва ангур ва ҷаву гандум) ба даст овардед, харҷ кунед (-у садақаву закот бидиҳед) ва аз ончӣ харҷ кунед, ки аз замин (аз кишту ғаллаву меваҳо) барои шумо (рӯёнидем ва) берун овардем. [Ансор хӯшаҳои хурмои бадсифати норасидаро дар ҷое овехтанд, ки мусалмонон садақаи меваҳояшонро меовехтанд ва ин оят фуруд омад:[[Нигаред, Тирмизӣ; 77/4.]] ] (Шуморо нашояд, ки дар инфоқ аз моли паст ва фурӯмояи худ харҷ кунед) ва аз он (кишту мева донаҳои беруноварда ҳаром ва ё палид ва ё) фурӯмояро қасд макунед, то аз он (ҳамчун закот) харҷ намоед, ҳол он ки шумо онро (дар хариду фурӯш) гиранда нестед, магар ки дар (гирифтани) он чашмпӯшӣ (ва сустангорӣ) кунед (ва ба он розӣ шавед). [Агар касе аз шумо қарз бигирад, сипас ба шумо колои пастсифатро бидиҳад, шумо онро нахоҳед гирифт, пас чӣ гуна мехоҳед, аз чизи паст, ҳаққи Аллоҳро бидиҳед ва Аллоҳ худ покиза аст ва ҷуз покизаро намепазирад?] Ва медонед, ки ҳароина, Аллоҳ (аз нафоқати шумо) бениёзи сутуда аст.
2:267 -
الشَّيْطَانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشَاءِ ۖ وَاللَّهُ يَعِدُكُمْ مَغْفِرَةً مِنْهُ وَفَضْلًا ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ
Шайтон (бо васвасаҳояш) ба шумо тангдастиро ваъда мекунад (, ки агар дар роҳи Аллоҳ моли худро садақа ва ё закот бидиҳед, дороиятон ба поён мерасад ва тангдаст мешавед ва мегӯяд, ки садақа мадеҳ, ки ту худ мӯҳтоҷ ҳастӣ) ва шуморо ба бешармӣ (- ба гуноҳу ҳаром ва фисқу бадкорӣ ва бухлу ба боздоштани закот) мефармояд. Ва Аллоҳ (бар мунфиқон) фарохидиҳанда аст.
2:268 -
يُؤْتِي الْحِكْمَةَ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَنْ يُؤْتَ الْحِكْمَةَ فَقَدْ أُوتِيَ خَيْرًا كَثِيرًا ۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ
(Аллоҳ) Ҳар киро хоҳад дониш (-и судманди шаръӣ) медиҳад (ки донишмандро ба сӯи кирдори рост мебарад). Ва ҳар кӣ ба ӯ дониш (-и судманди шаръӣ, монанди ҳифзи китобу суннат бо фаҳми дуруст) дода шуд, ба дурустӣ, некӯии бисёр дода шуд (, ки бо он дониш аз торикиҳои нодонӣ ба сӯи нури раҳнамунӣ берун меравад ва ба кирдори накӯ дармепайвандад ва бозгашти ӯ ба сӯи хушбахтии ҷовидона аст). Ва панд намепазиранд магар хирадмандон.
2:269
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)