Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 265
-
وَمَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ وَتَثْبِيتًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ كَمَثَلِ جَنَّةٍ بِرَبْوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٌ فَآتَتْ أُكُلَهَا ضِعْفَيْنِ فَإِنْ لَمْ يُصِبْهَا وَابِلٌ فَطَلٌّ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
[Ин оят дар бораи Усмон писари Аффон ва Абдураҳмон писари Авф дар ғазваи Табук фуруд омада аст. Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ҳазор шутурро бо бору банду афзораш омода карда буд ва Абдураҳмон писари Авф аз ҳашт ҳазор динор, чаҳор ҳазорашро дар роҳи хушнудии Аллоҳ барои омода кардани сипоҳ инфоқ кард.] Ва достони касоне ки молҳои худро барои ҷустани хушнудии Аллоҳ ва аз рӯи субот(ва яқину имон)-и дилҳояшон (дар тоати Аллоҳ, барои дини Ислом, бо умеди савобу подоши накӯ) харҷ мекунанд, монанди боғест, ба баландие ки ба он борони сахт расид, онгоҳ меваҳои худро дучанд бор овард. Пас, агар ӯро борони сахт намерасид, онгоҳ борони андак (басандааш мебуд, яъне инфоқи мӯъминони содиқ, ки бо он хушнудии Парвардигорашонро мехоҳанд, назди Аллоҳ пазируфта мешавад ва дучанд афзун карда мешавад, агарчӣ фаровон бошад ва ё андак). Ва Аллоҳ бад-ончӣ мекунед, биност (ва медонад, ки кадоме барои худнамоӣ ва кадоме барои хушнудии ӯ дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунад ва бо он подошаш мекунад).
2:265
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)