Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 264
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُبْطِلُوا صَدَقَاتِكُمْ بِالْمَنِّ وَالْأَذَىٰ كَالَّذِي يُنْفِقُ مَالَهُ رِئَاءَ النَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ صَفْوَانٍ عَلَيْهِ تُرَابٌ فَأَصَابَهُ وَابِلٌ فَتَرَكَهُ صَلْدًا ۖ لَا يَقْدِرُونَ عَلَىٰ شَيْءٍ مِمَّا كَسَبُوا ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ
Эй касоне ки имон овардед, (савоби) садақаҳои худро бо миннатниҳӣ ва озурдан табоҳ макунед, монанди касе ки (мунофиқ аст ва) моли худро (на барои хушнудии Аллоҳ, балки) барои (худнамоӣ ва риё ва) намудани мардум харҷ мекунад (ва аз пайи садақааш, мардумро миннат менамояду меозорад ва савоби инфоқашро бо риё ва худнамоӣ бекор месозад ва бо инфоқаш мехоҳад, ки мардум шукргузорияш кунанд ва ситоишаш намоянд ва обрӯ пайдо кунад ва сахӣ ва кушодадасту меҳмоннавозаш гӯянд ва ё аз бими мазаммати мардум инфоқ мекунад). Пас, достони (харҷ намудани) ӯ монанди санги (ҳамвори) лағзонест, ки бар он (андаке) хок аст (ва касе гумон мекунадаш, ки замини ҳосилхез аст ва дар он чизе мерӯяд), пас бар вай борони сахте расид (ва хоки болои сангро бишуст ва бибурд), онгоҳ онро дурахшон (, яъне бараҳна ва бехоку гиёҳ) вогузошт. [Гӯё кирдорҳо, монанди хок ва борони сахт худнамоӣ ва миннатниҳӣ ва озор додан аст ва худнамоӣ ва миннатниҳӣ ва озор додан кирдорҳоро ва савобашонро, монанди борони сахт шуста мебарад ва нобудашон месозад. Ва ё достони мунофиқ монанди деҳқонест, ки хоки рӯи санги бузургро мебинад, ӯро нармии хоки рӯи санг хуш меояд ва онҷо дона мекорад, ки шояд аз ҳосили он суд барад ва намедонад, ки ин хок бар забари санг аст, аммо чун борони сахт биборад, хок ва донаҳоро бибарад ва деҳқонро, яъне мунофиқро ноком ва ҳайрон гардонад.] Аз ончӣ кардаанд (ва садақа додаанд), чизеро (ба даст оварда) наметавонанд. [Худнамоён ва мунофиқон мепиндоранд, ки кирдори накӯе захира кардаанд ва чун рӯзи сахти қиёмат биояд монанди он ки тундборон хоки рӯи сангро мешӯяд ва хоке бар фарози он санг боқӣ намемонад, ҳамчунин савоби корҳои худнамоён ва мунофиқон табоҳ мешавад.] Ва Аллоҳ гурӯҳи кофиронро роҳ (-и рост ва накӯ) наменамояд (, то хушбахту комил шаванд).
2:264
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)