Мусҳаф, саҳифа 44

  1. وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ أَرِنِي كَيْفَ تُحْيِي الْمَوْتَىٰ ۖ قَالَ أَوَلَمْ تُؤْمِنْ ۖ قَالَ بَلَىٰ وَلَٰكِنْ لِيَطْمَئِنَّ قَلْبِي ۖ قَالَ فَخُذْ أَرْبَعَةً مِنَ الطَّيْرِ فَصُرْهُنَّ إِلَيْكَ ثُمَّ اجْعَلْ عَلَىٰ كُلِّ جَبَلٍ مِنْهُنَّ جُزْءًا ثُمَّ ادْعُهُنَّ يَأْتِينَكَ سَعْيًا ۚ وَاعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Ва (ёд кун,) онгоҳ ки Иброҳим гуфт: "Эй Парвардигори ман, маро бинмой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда мекунӣ (, то бо дидани он дониш ва яқини ман бештар шавад ва аз донистани яқин ба дидани яқин бирасам). (Аллоҳ ба Иброҳим) гуфт: "Оё (ба тавоноии ман дар боззиндагардонии мурдагон) бовар надорӣ? (Аллоҳ аз Иброҳим инро пурсид, бо ин ки ӯ имонашро медонад, барои он пурсидаш, ки шунавандагон ғаразашро бидонанд. Иброҳим) гуфт: "Оре, (бовар дорам, ки ту бар ҳама чиз тавоноӣ ва ту мурдагонро зинда мегардонӣ,) валекин (ин корро аз ту барои он дархост кардам,) то (ба тамошои он) дилам ором гирад (ва яқинам биафзояд)». (Аллоҳ ба ӯ) гуфт: "Пас чаҳор парандаро [[Иброҳим чаҳор парандаро (аз рӯи баъзе гуфтаҳо кабӯтар, товус ва зоғу хурӯсро) бигирифт ва онҳоро пора-пора кард ва гӯшту хуну пари онҳоро бо ҳам даромехт ва дар ҳар кӯҳе порае аз онҳоро бигзошт ва сарҳояшонро дар дасти худ нигаҳ дошт. Чун эшонро ба сӯи худ хонд, онгоҳ ҳар паре ба сӯи пари худ парид ва ҳар гӯште ба сӯи бадани худ шитофт ва ҳар хуне ба хуни худ ҳамроҳ гашт ва ҳар узве, сӯи ҷисми худ пайваст, то ин ки чуноне ки буданд, шакли пешинаи худро гирифтанд ва ҳар яке шитобон пеши Иброҳим сӯи сари худ омад ва сари ҳар парандае бо тавони Аллоҳи кирдгор ба ҷисмаш пайванд гашт ва парвоз кард.]] бигир (ва бибандашон ва онҳоро бикаш ва пару болашонро бикан) ва ҳамаро наздики худ пора-пора кун (ва гӯшту хун ва пару болашонро ба ҳам даромез), сипас ҳар пораеро аз эшон (, яъне чаҳоряки эшонро) бар (сари) ҳар кӯҳе бигзор (ва сари парандагонро бо худ нигаҳ дор), сипас эшонро (ба сӯи хеш) бихон, то албатта, шитобон пеши ту биёянд. Ва бидон, ки Аллоҳ забардасти донишманд аст.

    2:260
  2. مَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنْبَتَتْ سَبْعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنْبُلَةٍ مِائَةُ حَبَّةٍ ۗ وَاللَّهُ يُضَاعِفُ لِمَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

    Достони (харҷҳои) касоне ки дороии худро дар роҳи (хушнудӣ ва тоати) Аллоҳ (дар ҷиҳоду ҳаҷ) харҷ мекунанд, монанди як дона аст, ки (кошта бишавад ва) ва ҳафт хӯша бирӯёнад, ки дар ҳар хӯшае сад дона аст (, ҳамчунин, савоби харҷҳои эшон то ҳафтсад маротиба биафзояд, ки як дона ҳафтсад шавад) ва Аллоҳ барои ҳар кӣ хоҳад, (вобаста ба ихлосу имонаш аз ин миқдор бештар) биафзояд. Ва Аллоҳ фарохидиҳандаи доно аст (ва медонад, ки садақаи кадомяк шоистаи афзун кардан аст).

    2:261
  3. الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ثُمَّ لَا يُتْبِعُونَ مَا أَنْفَقُوا مَنًّا وَلَا أَذًى ۙ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

    Онон ки дороии худро дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунанд боз аз паи ончӣ харҷ кардаанд, миннат (намениҳанд) ва озор намекунанд [[Ҳар ки садақа ва ё кори накӯе намояд ва пас аз он миннат кунад ва ё озор диҳад садақа ва ё кори накӯяш барбод меравад. Миннат ин аст, ки накӯкор ба накӯдида бо накӯии худ эътидо кунад, монанди ин ки ба ӯ гӯяд, ман ба ту фалон чизро додам ва ёрмандиат кардам. Ва миннат аз гуноҳҳои бузург аст. Озор, бо гуфтор ва ё кирдор, ифтихор ва такаббур ва дастдарозӣ кардан бар касест, ки аз ту некӣ дида аст ва низ озор номусу шарафашро паст кардан ва хор намудан аст ва ё ба ӯ гуфтан, ки ман ба ту фалон чизро додам ва фалон корро кардам.]] , эшонро назди парвардигорашон музди (харҷи) эшон бошад ва бар эшон (аз ончӣ дар охират пеш ояд,) на тарсе бошад ва на эшон (аз ончӣ дар дунё аз молу фарзанд ва кирдори неке тарк кардаанд,) андӯҳгин шаванд (, зеро эшон дар роҳи дуруст раҳ мепаймуданд).

    2:262
  4. قَوْلٌ مَعْرُوفٌ وَمَغْفِرَةٌ خَيْرٌ مِنْ صَدَقَةٍ يَتْبَعُهَا أَذًى ۗ وَاللَّهُ غَنِيٌّ حَلِيمٌ

    (Ба дархосткунандаи мол,) сухани писандида[[Сухани писандида, монанди ин ки гӯяд: "Аллоҳ рӯзии мову шуморо фарох гардонад ва ё "Аллоҳ карим аст" ва ё "Аллоҳ дарвозаҳои рӯзиро бар мову шумо бикушояд" ва ғайра.]] (ва хуш гуфтан) ва (аз беадабии дархосткунанда) даргузаштан[[Даргузаштан, пӯшидан бар фақир ва ошкор нанамудани тангдастии ӯ назди мардумон ва даргузаштан аз хӯи бади ӯ аст, агар дархосткунанда ва ё фақир бадхӯ бошад.]] (ва дуо кардан) аз садақае беҳтар аст, ки аз пайи он озурдан бошад. Ва Аллоҳ (бар тоату садақаи бандагон ва бар уқубути мутакаббирону озорандагон ва гунаҳгорону бахилон) бениёзи бурдбор аст.

    2:263
  5. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُبْطِلُوا صَدَقَاتِكُمْ بِالْمَنِّ وَالْأَذَىٰ كَالَّذِي يُنْفِقُ مَالَهُ رِئَاءَ النَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ صَفْوَانٍ عَلَيْهِ تُرَابٌ فَأَصَابَهُ وَابِلٌ فَتَرَكَهُ صَلْدًا ۖ لَا يَقْدِرُونَ عَلَىٰ شَيْءٍ مِمَّا كَسَبُوا ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ

    Эй касоне ки имон овардед, (савоби) садақаҳои худро бо миннатниҳӣ ва озурдан табоҳ макунед, монанди касе ки (мунофиқ аст ва) моли худро (на барои хушнудии Аллоҳ, балки) барои (худнамоӣ ва риё ва) намудани мардум харҷ мекунад (ва аз пайи садақааш, мардумро миннат менамояду меозорад ва савоби инфоқашро бо риё ва худнамоӣ бекор месозад ва бо инфоқаш мехоҳад, ки мардум шукргузорияш кунанд ва ситоишаш намоянд ва обрӯ пайдо кунад ва сахӣ ва кушодадасту меҳмоннавозаш гӯянд ва ё аз бими мазаммати мардум инфоқ мекунад). Пас, достони (харҷ намудани) ӯ монанди санги (ҳамвори) лағзонест, ки бар он (андаке) хок аст (ва касе гумон мекунадаш, ки замини ҳосилхез аст ва дар он чизе мерӯяд), пас бар вай борони сахте расид (ва хоки болои сангро бишуст ва бибурд), онгоҳ онро дурахшон (, яъне бараҳна ва бехоку гиёҳ) вогузошт. [Гӯё кирдорҳо, монанди хок ва борони сахт худнамоӣ ва миннатниҳӣ ва озор додан аст ва худнамоӣ ва миннатниҳӣ ва озор додан кирдорҳоро ва савобашонро, монанди борони сахт шуста мебарад ва нобудашон месозад. Ва ё достони мунофиқ монанди деҳқонест, ки хоки рӯи санги бузургро мебинад, ӯро нармии хоки рӯи санг хуш меояд ва онҷо дона мекорад, ки шояд аз ҳосили он суд барад ва намедонад, ки ин хок бар забари санг аст, аммо чун борони сахт биборад, хок ва донаҳоро бибарад ва деҳқонро, яъне мунофиқро ноком ва ҳайрон гардонад.] Аз ончӣ кардаанд (ва садақа додаанд), чизеро (ба даст оварда) наметавонанд. [Худнамоён ва мунофиқон мепиндоранд, ки кирдори накӯе захира кардаанд ва чун рӯзи сахти қиёмат биояд монанди он ки тундборон хоки рӯи сангро мешӯяд ва хоке бар фарози он санг боқӣ намемонад, ҳамчунин савоби корҳои худнамоён ва мунофиқон табоҳ мешавад.] Ва Аллоҳ гурӯҳи кофиронро роҳ (-и рост ва накӯ) наменамояд (, то хушбахту комил шаванд).

    2:264

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)