Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 266

  1. أَيَوَدُّ أَحَدُكُمْ أَنْ تَكُونَ لَهُ جَنَّةٌ مِنْ نَخِيلٍ وَأَعْنَابٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ لَهُ فِيهَا مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ وَأَصَابَهُ الْكِبَرُ وَلَهُ ذُرِّيَّةٌ ضُعَفَاءُ فَأَصَابَهَا إِعْصَارٌ فِيهِ نَارٌ فَاحْتَرَقَتْ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ

    [Аллоҳ дар ин оят барои кирдор достон оварда аст, ки марде доро ва тавонгар ки дар тоати Аллоҳ мекӯшид, сипас Аллоҳ ба сӯи ӯ шайтонро мефиристад, то гуноҳ меварзад ва кирдорҳои накӯяшро табоҳ месозад.] (Эй касоне ки молатонро дар ғайри ҷустани хушнудии Аллоҳ харҷ мекунед!) Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки ӯро боғе аз хурмо ва ангур бошад, ки зери (дарахтони) он боғ ҷӯйҳо мераванд, дар он боғ, гирдбоде вазад, ки дар он (гирдбод) оташ бошад, онгоҳ (ҳама дарахтон ва меваҳои) боғ (пок) сӯхта шавад (ва ҳоли касе ки ба риё ва миннату озурдан инфоқ кунад, ҳамчунин аст, пас на ӯро дар ин ҳангом қуввате аст то монанди боғаш боғи дигаре бипарварад ва на фарзандонаш тавонанд, ки ӯро ёрмандӣ кунанд ва боғро ба ӯ баргардонанд ва ё боғе дигар парвариш кунанд, пас ҳоли ин марди пир ва фарзандони нотавони ӯ чӣ гуна хоҳад буд ва эшон дар чунин ҳол ба ин боғ сахт ниёз доранд ва рӯзи қиёмат низ кирдори худнамоён ва мунофиқон ҳангоме барбод мешаванд, ки эшон ба он кирдор сахт муҳтоҷанд). Бад-ин сон, Аллоҳ оятҳоро (дар ақида ва ибодот ва муомалот ва одоб) барои шумо равшан месозад, то бошад, ки биандешед (ва дар равшании онҳо раҳнамунӣ ёбед ва растагор шавед).

    2:266

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)