Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 267

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا كَسَبْتُمْ وَمِمَّا أَخْرَجْنَا لَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ ۖ وَلَا تَيَمَّمُوا الْخَبِيثَ مِنْهُ تُنْفِقُونَ وَلَسْتُمْ بِآخِذِيهِ إِلَّا أَنْ تُغْمِضُوا فِيهِ ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ

    Эй касоне ки (ба Аллоҳ ва Пайғамбари ӯ ва китобаш) имон овардед, аз он покизагиҳое ки (бо бозаргонии ҳалол ё саноат аз моли сара ва беҳтарини худ, монанди тилло ва нуқра ва хурмо ва ангур ва ҷаву гандум) ба даст овардед, харҷ кунед (-у садақаву закот бидиҳед) ва аз ончӣ харҷ кунед, ки аз замин (аз кишту ғаллаву меваҳо) барои шумо (рӯёнидем ва) берун овардем. [Ансор хӯшаҳои хурмои бадсифати норасидаро дар ҷое овехтанд, ки мусалмонон садақаи меваҳояшонро меовехтанд ва ин оят фуруд омад:[[Нигаред, Тирмизӣ; 77/4.]] ] (Шуморо нашояд, ки дар инфоқ аз моли паст ва фурӯмояи худ харҷ кунед) ва аз он (кишту мева донаҳои беруноварда ҳаром ва ё палид ва ё) фурӯмояро қасд макунед, то аз он (ҳамчун закот) харҷ намоед, ҳол он ки шумо онро (дар хариду фурӯш) гиранда нестед, магар ки дар (гирифтани) он чашмпӯшӣ (ва сустангорӣ) кунед (ва ба он розӣ шавед). [Агар касе аз шумо қарз бигирад, сипас ба шумо колои пастсифатро бидиҳад, шумо онро нахоҳед гирифт, пас чӣ гуна мехоҳед, аз чизи паст, ҳаққи Аллоҳро бидиҳед ва Аллоҳ худ покиза аст ва ҷуз покизаро намепазирад?] Ва медонед, ки ҳароина, Аллоҳ (аз нафоқати шумо) бениёзи сутуда аст.

    2:267

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)