Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 47 – 59
-
يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اذْكُرُوا نِعْمَتِيَ الَّتِي أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّي فَضَّلْتُكُمْ عَلَى الْعَالَمِينَ
Эй Бани Исроил, неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва [низ] ин ки шуморо [ба далели бархӯрдорӣ аз ҳидоят] ба ҷаҳониён бартарӣ додам
2:47 -
وَاتَّقُوا يَوْمًا لَا تَجْزِي نَفْسٌ عَنْ نَفْسٍ شَيْئًا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَاعَةٌ وَلَا يُؤْخَذُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ
Ва аз рӯзе битарсед, ки касе чизе [аз азоби Аллоҳ таоло] – ро аз касе дафъ намекунад ва аз ӯ шафоат пазируфта намешавад ва на ғаромату фидяе гирифта мешавад ва на ёрӣ мешаванд
2:48 -
وَإِذْ نَجَّيْنَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки шуморо аз чанголи фиръавниён наҷот додем. [Онон] Бадтарин азобро бар саратон меоварданд: Писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медоштанд ва дар инҳо озмоиши бузурге аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо буд
2:49 -
وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ الْبَحْرَ فَأَنْجَيْنَاكُمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَوْنَ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро, дар ҳоле ки [ба азоби онҳо бо чашми худ] менигаристед, ғарқ сохтем
2:50 -
وَإِذْ وَاعَدْنَا مُوسَىٰ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَنْتُمْ ظَالِمُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки [барои нузули Таврот] чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда гузоридем, он гоҳ шумо баъд аз ӯ гӯсоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки [нисбат ба хештан] ситамгор будед
2:51 -
ثُمَّ عَفَوْنَا عَنْكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Сипас шуморо баъд аз он [гуноҳ] бахшидем; бошад, ки сипосгузорӣ кунед
2:52 -
وَإِذْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَالْفُرْقَانَ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки ба Мӯсо китоби [Таврот] – ро, ки ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст, ато кардем; бошад, ки ҳидоят шавед
2:53 -
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنْفُسَكُمْ بِاتِّخَاذِكُمُ الْعِجْلَ فَتُوبُوا إِلَىٰ بَارِئِكُمْ فَاقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ عِنْدَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Эй қавми ман, шумо бо интихоби гӯсола [барои парастиш] ба худ ситам кардаед, пас, ба сӯйи Офаридгори худ бозгардед ва тавба кунед ва [хатокорони] худро бикушед. Ин кор барои шумо дар пешгоҳи Парвардигоратон беҳтар аст". Он гоҳ Аллоҳ таоло тавбаи шуморо пазируфт. Ба ростӣ, ки Ӯ тавбапазиру меҳрубон аст
2:54 -
وَإِذْ قُلْتُمْ يَا مُوسَىٰ لَنْ نُؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْكُمُ الصَّاعِقَةُ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки Аллоҳро ошкоро бубинем". Пас, соиқа [оташак] шуморо дар ҳоле гирифт, ки [азоби худро бо чашми хеш] менигаристед
2:55 -
ثُمَّ بَعَثْنَاكُمْ مِنْ بَعْدِ مَوْتِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Сипас шуморо пас аз маргатон барангехтем, бошад, ки сипосгузорӣ кунед
2:56 -
وَظَلَّلْنَا عَلَيْكُمُ الْغَمَامَ وَأَنْزَلْنَا عَلَيْكُمُ الْمَنَّ وَالسَّلْوَىٰ ۖ كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ ۖ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
Ва абрро бар шумо соябон қарор додем ва манну салво [шаҳду бедона] бароятон фурӯ фиристодем [ва гуфтем]: "Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред" [вале куфр варзидед]. Онон [бо носипосиву нофармонӣ] ба мо ситам накарданд, балки ба худ ситам раво доштанд
2:57 -
وَإِذْ قُلْنَا ادْخُلُوا هَٰذِهِ الْقَرْيَةَ فَكُلُوا مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ رَغَدًا وَادْخُلُوا الْبَابَ سُجَّدًا وَقُولُوا حِطَّةٌ نَغْفِرْ لَكُمْ خَطَايَاكُمْ ۚ وَسَنَزِيدُ الْمُحْسِنِينَ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки гуфтем: "Ба ин шаҳр [Байт-ул-муқаддас] ворид шавед ва аз [неъматҳои] он, аз ҳар ҷо [ва ҳар вақт], ки хостед, бихӯред ва бо фурӯтанӣ аз дарвоза ворид шавед ва бигӯед: "[Парвардигоро, гуноҳонамонро] фурӯ рез". [Чунин бигӯед] То гуноҳонатонро биёмурзем ва [яқинан] бар [подоши] накукорон хоҳем афзуд
2:58 -
فَبَدَّلَ الَّذِينَ ظَلَمُوا قَوْلًا غَيْرَ الَّذِي قِيلَ لَهُمْ فَأَنْزَلْنَا عَلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا رِجْزًا مِنَ السَّمَاءِ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ
Он гоҳ ситамгарон ин суханро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, тағйир доданд [ва ба ҷояш калимоти масхараомезе гуфтанд]. Аз ин рӯ, бар ситамгарон, ба сазои ин нофармониашон, азобе аз осмон нозил кардем
2:59
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»