Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 133 – 140
-
أَمْ كُنْتُمْ شُهَدَاءَ إِذْ حَضَرَ يَعْقُوبَ الْمَوْتُ إِذْ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعْبُدُونَ مِنْ بَعْدِي قَالُوا نَعْبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ آبَائِكَ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ إِلَٰهًا وَاحِدًا وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ
Оё ҳангоме ки марги Яқуб фаро расид, шумо ҳозир будед? Он гоҳ, ки ба фарзандони худ гуфт: "Баъд аз ман чи чизро мепарастед"? Гуфтанд: "Маъбуди ту ва маъбуди падаронат – Иброҳим ва Исмоилу Исҳоқ – Аллоҳи якторо мепарастем ва мо таслими Ӯ ҳастем"
2:133 -
تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Онон уммате буданд, ки даргузаштанд, он чи ки [аз натиҷаи аъмолашон] касб кардаанд, барои онҳост ва он чи шумо касб кардаед, барои шумост ва шумо дар бораи он чи [онон] мекарданд, бозхост нахоҳед шуд
2:134 -
وَقَالُوا كُونُوا هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ تَهْتَدُوا ۗ قُلْ بَلْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
Ва [аҳли китоб] гуфтанд: "Яҳудӣ ё масеҳӣ шавед, то ҳидоят ёбед". [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "[На аз оини шумо] Балки аз оини Иброҳим [пайравӣ мекунем], ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд"
2:135 -
قُولُوا آمَنَّا بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَمَا أُنْزِلَ إِلَىٰ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَمَا أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَا أُوتِيَ النَّبِيُّونَ مِنْ رَبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ
[Эй муъминон ба аҳли китоб] бигӯед: "Мо ба Аллоҳ таоло имон овардаем ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва ба он чи, ки бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] нозил гардид ва [ҳамчунин] ба он чи, ки ба Мӯсо ва Исо дода шудааст ва ба он чи, ки ба паёмбарони [дигар] аз тарафи Парвардигорашон дода шудааст [оре, ба ҳамаи онон имон меоварем] ва миёни ҳеҷ як аз эшон тафовут намегузорем ва мо [ҳамагӣ] таслими Аллоҳ таоло ҳастем"
2:136 -
فَإِنْ آمَنُوا بِمِثْلِ مَا آمَنْتُمْ بِهِ فَقَدِ اهْتَدَوْا ۖ وَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا هُمْ فِي شِقَاقٍ ۖ فَسَيَكْفِيكَهُمُ اللَّهُ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
Пас, агар онон [низ] ба он чи шумо имон овардаед, имон оваранд, ҳатман, ҳидоят ёфтаанд ва агар пушт гардонанд, пас, ҷуз ин нест, ки ҳатман сари ситез [ва ҷудоӣ] доранд, пас, [эй паёмбар, Парвардигори якто барои ҳимояти ту кофӣ аст ва] ба зудӣ Аллоҳ таоло [шарри] онҳоро аз ту дафъ хоҳад намуд ва Ӯ шунавову доност
2:137 -
صِبْغَةَ اللَّهِ ۖ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ صِبْغَةً ۖ وَنَحْنُ لَهُ عَابِدُونَ
Ранги илоҳӣ [ва дини Ӯро бипазиред ва ба он пойбанд бошед] ва чи касе хушнигорандатар аз Аллоҳ таоло аст! Ва мо танҳо Ӯро мепарастем
2:138 -
قُلْ أَتُحَاجُّونَنَا فِي اللَّهِ وَهُوَ رَبُّنَا وَرَبُّكُمْ وَلَنَا أَعْمَالُنَا وَلَكُمْ أَعْمَالُكُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُخْلِصُونَ
[Эй паёмбар ба аҳли китоб] Бигӯ: "Оё дар бораи Аллоҳ таоло бо мо муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ парвардигори мо ва шумост ва кирдори мо аз они мо ва кирдори шумо аз они шумост ва мо Ӯро бо ихлос парастиш мекунем"
2:139 -
أَمْ تَقُولُونَ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطَ كَانُوا هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ ۗ قُلْ أَأَنْتُمْ أَعْلَمُ أَمِ اللَّهُ ۗ وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ كَتَمَ شَهَادَةً عِنْدَهُ مِنَ اللَّهِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
[Оё] Мегӯед: "Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и ӯ] яҳудӣ ё масеҳӣ буданд [дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил пас аз ин паёмбарон нозил шудааст]"? Бигӯ: "Шумо донотаред ё Аллоҳ таоло"? Ва кист ситамгортар аз он, ки шаҳодатеро, ки аз [ҷониби] Аллоҳ таоло [дар китобҳои осмонӣ дар бораи ин паёмбарон омада ва] назди Ӯст, китмон (пинҳон) мекунад? Ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест
2:140
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»