Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 87 – 96
-
وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَقَفَّيْنَا مِنْ بَعْدِهِ بِالرُّسُلِ ۖ وَآتَيْنَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ الْبَيِّنَاتِ وَأَيَّدْنَاهُ بِرُوحِ الْقُدُسِ ۗ أَفَكُلَّمَا جَاءَكُمْ رَسُولٌ بِمَا لَا تَهْوَىٰ أَنْفُسُكُمُ اسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًا تَقْتُلُونَ
Ҳамоно ба Мӯсо китоби [Таврот] додем ва пас аз ӯ паёмбарони пайдарпай фиристодем; ва ба Исо писари Марям муъҷизоту далоили равшан додем ва ӯро ба василаи Рӯҳулқудус [Ҷабраил] тақвият кардем. Оё чунин нест, ки ҳар гоҳ паёмбаре чизе бархилофи ҳавои нафсатон оварад, дар баробараш такаббур намудед ва гурӯҳеро такзиб кардед ва гурӯҳеро куштед
2:87 -
وَقَالُوا قُلُوبُنَا غُلْفٌ ۚ بَلْ لَعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ
Ва [яҳудиён барои пайравӣ накардан аз Муҳаммад <inline-comment brackets="round">с</inline-comment> аз рӯйи тамасхур] гуфтанд: "Дилҳои мо пӯшида ва дар ғилоф аст", [чунин нест] балки Аллоҳ таоло онро ба сазои куфрашон лаънат кардааст, пас, [ба ҳамин далел аст, ки] бисёр кам имон меоваранд
2:88 -
وَلَمَّا جَاءَهُمْ كِتَابٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جَاءَهُمْ مَا عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ ۚ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكَافِرِينَ
Ва ҳангоме ки аз тарафи Аллоҳ таоло китобе [Қуръон] барои онон омад, ки тасдиқкунандаи матолибе буд, ки бо худ доштанд [Таврот] ва [ба интизор расидани ин китоб] аз қабл ба худ навиди пирӯзӣ бар кофиронро медоданд, бо ин ҳама вақте он касеро, ки аз пеш шинохта буданд [Муҳаммад], наздашон омад, инкораш карданд. Лаънати Аллоҳ таоло бар кофирон бод!
2:89 -
بِئْسَمَا اشْتَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ أَنْ يَكْفُرُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ بَغْيًا أَنْ يُنَزِّلَ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ فَبَاءُوا بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍ ۚ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ مُهِينٌ
Ба чи баҳои баде худро фурӯхтанд, ки аз рӯйи ҳасад [ва бартарихоҳӣ] ба он чи Аллоҳ таоло фиристода буд, кофир шуданд, ки чаро Аллоҳ таоло аз фазли хеш бар ҳар кас аз бандагонаш, ки мехоҳад [ваҳй] нозил мекунад. Пас, [ба хотири ин ҳасодат] беш аз пеш ба хашми [илоҳӣ] гирифтор шуданд ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст
2:90 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا نُؤْمِنُ بِمَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَاءَهُ وَهُوَ الْحَقُّ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنْبِيَاءَ اللَّهِ مِنْ قَبْلُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ
Ва чун ба онон гуфта шавад: "Ба он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, имон биёваред", мегӯянд: "Мо ба чизе имон меоварем, ки бар худи мо нозил шудааст" ва ба ғайри он кофир мешаванд, дар ҳоле ки он [Қуръон сухани] ҳақ ва тасдиқкунандаи матолибе аст, ки бо худ доранд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [рост мегӯед ва] муъминед, пас, чаро паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед"?!
2:91 -
وَلَقَدْ جَاءَكُمْ مُوسَىٰ بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَنْتُمْ ظَالِمُونَ
Ва ба ростӣ, Мӯсо муъҷизаҳову нишонаҳои равшане бароятон овард, он гоҳ шумо пас аз вай дар ҳоле гӯсоларо [барои парастиш] баргузидед, ки [ба хотири ин ширкварзӣ нисбат ба худ] ситамгор будед
2:92 -
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ الطُّورَ خُذُوا مَا آتَيْنَاكُمْ بِقُوَّةٍ وَاسْمَعُوا ۖ قَالُوا سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَأُشْرِبُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْعِجْلَ بِكُفْرِهِمْ ۚ قُلْ بِئْسَمَا يَأْمُرُكُمْ بِهِ إِيمَانُكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро, ки аз шумо паймон гирифтем [ки аз фармудаҳои илоҳӣ ва раҳнамудҳои Мӯсо пайравӣ кунед] ва [кӯҳи] Турро болои саратон барафроштем [ва гуфтем]: "Он чи [аз аҳкоми Таврот] ба шумо додаем, маҳкам бигиред ва [ба каломи Аллоҳ таоло] гӯш фаро диҳед". Гуфтанд: "[Бо гӯшҳоямон] Шунидем, [вале бо рафторамон] нофармонӣ кардем"; ва ба сабаби куфрашон бо [муҳаббати] гӯсола дар дилҳояшон ҷой гирифт. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [воқеан] муъмин ҳастед, имонатон чи фармони баде ба шумо медиҳад"
2:93 -
قُلْ إِنْ كَانَتْ لَكُمُ الدَّارُ الْآخِرَةُ عِنْدَ اللَّهِ خَالِصَةً مِنْ دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Бигӯ: "[Эй қавми яҳуд] Агар назди Аллоҳ таоло сарои охират вижаи шумост на барои дигар мардум, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед [то ҳар чи зудтар ба ин ҷойгоҳ даст ёбед]"
2:94 -
وَلَنْ يَتَمَنَّوْهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ
Вале онон ба хотири он чи [аз куфру такзиб ва таҳриф] пеш фиристодаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] ситамгорон доност
2:95 -
وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ النَّاسِ عَلَىٰ حَيَاةٍ وَمِنَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا ۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِ مِنَ الْعَذَابِ أَنْ يُعَمَّرَ ۗ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا يَعْمَلُونَ
[Эй паёмбар] Ҳатман, эшон [яҳудиён]-ро ҳаристарини мардум бар зиндагӣ хоҳӣ ёфт, [ҳатто] ҳаристар аз мушрикон. Ҳар як аз онон дӯст дорад, ки ҳазор сол умр бинад, дар ҳоле ки [ҳатто] агар ин умр [-и дароз] ба ӯ дода шавад, [боз ҳам тӯли умраш] ӯро аз азоб дур намекунад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, биност
2:96
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»