Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 267 – 273

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا كَسَبْتُمْ وَمِمَّا أَخْرَجْنَا لَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ ۖ وَلَا تَيَمَّمُوا الْخَبِيثَ مِنْهُ تُنْفِقُونَ وَلَسْتُمْ بِآخِذِيهِ إِلَّا أَنْ تُغْمِضُوا فِيهِ ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки ба даст овардаед ва аз он чи аз замин барои шумо баровардаем, инфоқ кунед; ва ба суроғ [-и моли] нопок наравед, ки аз он инфоқ намоед; дар ҳоле ки худатон ҳозир ба пазируфтанаш нестед, магар бо чашмпӯшӣ [ва бемайлӣ] нисбат ба он; [пас, чӣ гуна чизеро, ки барои худ намеписандед, барои Аллоҳ таоло раво медоред]? Ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст

    2:267
  2. الشَّيْطَانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشَاءِ ۖ وَاللَّهُ يَعِدُكُمْ مَغْفِرَةً مِنْهُ وَفَضْلًا ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

    Шайтон шуморо [ба ҳангоми инфоқ метарсонад ва] ваъдаи тиҳидастӣ медиҳад ва шуморо ба зиштиҳо [гуноҳ намудан] амр мекунад; вале Аллоҳ таоло аз ҷониби худ ба шумо ваъдаи омурзиш ва афзуни [-и неъмат] медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгару доност

    2:268
  3. يُؤْتِي الْحِكْمَةَ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَنْ يُؤْتَ الْحِكْمَةَ فَقَدْ أُوتِيَ خَيْرًا كَثِيرًا ۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ

    [Аллоҳ таоло] Ба ҳар ки бихоҳад, ҳикмат [ростӣ дар гуфтор ва кирдор] медиҳад ва бе тардид, ба ҳар ки ҳикмат дода шавад, хайри фаровоне ато шудааст; ва ба ҷуз хирадмандон [аз оёти илоҳӣ] панд намегиранд

    2:269
  4. وَمَا أَنْفَقْتُمْ مِنْ نَفَقَةٍ أَوْ نَذَرْتُمْ مِنْ نَذْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُهُ ۗ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ

    Ҳар чизе, ки инфоқ кунед ё ҳар назре, ки [бо худ] аҳд кунед, ҳатман, Аллоҳ таоло онро медонад [Ҳар ки аз иҷрои фармудаҳои илоҳӣ ҷилавгирӣ кунад, ситамгор аст] ва ситамгорон [дар охират] ҳеҷ ёваре надоранд

    2:270
  5. إِنْ تُبْدُوا الصَّدَقَاتِ فَنِعِمَّا هِيَ ۖ وَإِنْ تُخْفُوهَا وَتُؤْتُوهَا الْفُقَرَاءَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۚ وَيُكَفِّرُ عَنْكُمْ مِنْ سَيِّئَاتِكُمْ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

    Агар садақаҳоро ошкор кунед, чи накуст! Ва агар онхоро пинҳон доред ва ба тиҳидастон бидиҳед, бароятон беҳтар аст ва [ин гуна садақаи холисона ва пинҳонӣ] аз гуноҳонатон мезудояд; ва [бидонед, ки дар ҳама сурат] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

    2:271
  6. لَيْسَ عَلَيْكَ هُدَاهُمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَلِأَنْفُسِكُمْ ۚ وَمَا تُنْفِقُونَ إِلَّا ابْتِغَاءَ وَجْهِ اللَّهِ ۚ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تُظْلَمُونَ

    [Эй паёмбар] Ҳидояти онон бар уҳдаи ту нест; балки Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; ва [эй муъминон] он чи аз моли [худ] инфоқ мекунед, ба суди худатон аст ва [ба ёд дошта бошед, ки] ҷуз барои хушнудии Аллоҳ таоло инфоқ накунед; ва он чи аз мол инфоқ мекунед, [подошаш] ба таври комил ва тамом ба шумо дода мешавад ва [ҳаргиз] ситам нахоҳед дид

    2:272
  7. لِلْفُقَرَاءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِي الْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ الْجَاهِلُ أَغْنِيَاءَ مِنَ التَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُمْ بِسِيمَاهُمْ لَا يَسْأَلُونَ النَّاسَ إِلْحَافًا ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ

    [Садақоти шумо] Барои афроди тангдасте аст, ки худро вақф [-и ҷиҳод] дар роҳи Аллоҳ таоло кардаанд ва наметавонанд [барои таъмини харҷҳои зиндагӣ] дар замин сафар кунанд. Аз шиддати [наҷобат ва] хештандорӣ афроди ноогоҳ ононро бениёз мепиндоранд. Эшонро аз нишонаҳояшон [ки дар либосу вазъияти зоҳириашон ошкор аст, ба таври ошкор] мешиносӣ [ва онон ҳаргиз] бо исрор чизе аз мардум намехоҳанд; ва он чи аз мол инфоқ мекунед, ҳатман, Аллоҳ таоло аз он огоҳ аст

    2:273

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»