Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 261 – 266
-
مَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنْبَتَتْ سَبْعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنْبُلَةٍ مِائَةُ حَبَّةٍ ۗ وَاللَّهُ يُضَاعِفُ لِمَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ
Масали [аҷру савоби] касоне, ки амволи худро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ мекунанд, ҳаммонанди донаест, ки ҳафт хӯша мерӯёнад, ки дар ҳар хӯша сад дона аст; ва Аллоҳ таоло барои ҳар ки бихоҳад, [подошашро] чанд баробар мекунад ва Аллоҳ таоло кушоишгару доност
2:261 -
الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ثُمَّ لَا يُتْبِعُونَ مَا أَنْفَقُوا مَنًّا وَلَا أَذًى ۙ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Касоне, ки амволашонро дар роҳи Аллоҳ таоло мебахшанд ва дар пайи бахшиши худ миннату озор раво намедоранд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд
2:262 -
قَوْلٌ مَعْرُوفٌ وَمَغْفِرَةٌ خَيْرٌ مِنْ صَدَقَةٍ يَتْبَعُهَا أَذًى ۗ وَاللَّهُ غَنِيٌّ حَلِيمٌ
Сухани писандида [дар бархурд бо ниёзмандон] ва гузашт [аз исрору тундии онон], беҳтар аз садақае аст, ки озоре ба дунболаш бошад; ва Аллоҳ таоло бениёзу бурдбор аст
2:263 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُبْطِلُوا صَدَقَاتِكُمْ بِالْمَنِّ وَالْأَذَىٰ كَالَّذِي يُنْفِقُ مَالَهُ رِئَاءَ النَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ صَفْوَانٍ عَلَيْهِ تُرَابٌ فَأَصَابَهُ وَابِلٌ فَتَرَكَهُ صَلْدًا ۖ لَا يَقْدِرُونَ عَلَىٰ شَيْءٍ مِمَّا كَسَبُوا ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, садақаҳои худро бо миннату озор ботил накунед, ҳамчун касе, ки моли худро барои намоиш додан ба мардум инфоқ мекунад ва ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон надорад; пас, масали ӯ ҳамчун масали санги софест, ки рӯйи он [андаке] хок нишастааст; он гоҳ борони тунде бар он мезанад [ва ҳамаи хокҳоро аз санг мешӯяд] ва онро соф [-у бидуни хок] раҳо мекунад. Онон [риёкорон] аз он чи, ки анҷом додаанд, чизе ба даст намеоваранд; ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
2:264 -
وَمَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ وَتَثْبِيتًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ كَمَثَلِ جَنَّةٍ بِرَبْوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٌ فَآتَتْ أُكُلَهَا ضِعْفَيْنِ فَإِنْ لَمْ يُصِبْهَا وَابِلٌ فَطَلٌّ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Ва масали касоне, ки амволи худро барои талаби хушнудии Аллоҳ таоло ва ба хотири боваре, ки дар дилҳояшон [ба подоши Аллоҳ таоло] доранд, инфоқ мекунанд, ҳамчун бӯстоне бар теппае аст, ки борони тунде бар он борад ва меваҳояшро дучандон ба бор оварад; ва агар борони тунде ҳам ба он нарасад, борони сабук [низ замини покашро пурсамар месозад]; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст
2:265 -
أَيَوَدُّ أَحَدُكُمْ أَنْ تَكُونَ لَهُ جَنَّةٌ مِنْ نَخِيلٍ وَأَعْنَابٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ لَهُ فِيهَا مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ وَأَصَابَهُ الْكِبَرُ وَلَهُ ذُرِّيَّةٌ ضُعَفَاءُ فَأَصَابَهَا إِعْصَارٌ فِيهِ نَارٌ فَاحْتَرَقَتْ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ
Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад, ки аз зери онҳо ҷӯйборҳо [-и гуворо] равон аст ва ҳар гуна мева барояш ба бор меоварад ва [аммо] дар ҳоле ки ба синни пирӣ расида ва фарзандон [-и хурдсол] ва нотавон дорад, ногаҳон гирдбоди оташин дар он занаду [ҳамаи боғ] бисӯзад? [Ҳоли касоне, ки садақаҳои худро бо миннату озор ва риё ботил мекунанд низ чунин аст]. Аллоҳ таоло бад-ин гуна оёт [-и худ]-ро барои шумо равшан месозад; бошад, ки биандешед
2:266
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»