Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 248

  1. وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ آيَةَ مُلْكِهِ أَنْ يَأْتِيَكُمُ التَّابُوتُ فِيهِ سَكِينَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَبَقِيَّةٌ مِمَّا تَرَكَ آلُ مُوسَىٰ وَآلُ هَارُونَ تَحْمِلُهُ الْمَلَائِكَةُ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    Ва (чун аз пайғамбарашон нишонае барои тасдиқи подшоҳии Толут дархост карданд, пайғамбарашон) ба эшон гуфт: "Ҳароина, нишонаи подшоҳии ӯ ин аст, ки сандуқ (-и чӯбини гумшуда)[[Гӯянд, ки сандуқ дар дасти қавми Амолиқа афтода буд ва чун онҳо ба бемории бавосир ва осебҳои зироъӣ гирифтор гаштанд аз он сандуқ фоли бад гирифтанд ва хостанд онро ба фарзандони Исроил баргардонанд ва сандуқро дар аробае ниҳоданд, ки онро ду гов мекашиданд ва рӯи онҳоро ба сӯи нишемангоҳи фарзандони Исроил карданд ва фариштагон онҳоро ба сӯи фарзандони Исроил ронданд, то ки пеши онҳо расиданд.]] пеши шумо меояд, ки дар (омадани) он (барои дилу ҷонҳои шумо) оромише аз ҷониби Парвардигоратон бошад ва бозмондае[[Гӯянд, ки сандуқи чӯбин, ки гӯё дар он Таврот ва бақияе ё порае аз алвоҳи Таврот, чӯбдаст, кафшҳои Мусо ва дастори Ҳорун ва андаке аз тарангабин буд, ки онр дар ҷангҳо ҳамроҳи худ ҳамчун парчам ҳамроҳи худ мегирифтанд. ]] аз ончӣ дудмони Мусо ва дудмони Ҳорун вогузоштаанд, ки онро фариштагон (пеши чашми мардум миёни осмону замин) мебардоранд (ва онро назди Толут мегузоранд). Ҳароина, дар ин кор (дар бозгаштани сандуқ) барои шумо нишона (-и подшоҳии Толут) аст, агар (ба Аллоҳ ва рӯзи бозпасин) бовардорандаед.

    2:248

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)