Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 249
-
فَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِالْجُنُودِ قَالَ إِنَّ اللَّهَ مُبْتَلِيكُمْ بِنَهَرٍ فَمَنْ شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّي وَمَنْ لَمْ يَطْعَمْهُ فَإِنَّهُ مِنِّي إِلَّا مَنِ اغْتَرَفَ غُرْفَةً بِيَدِهِ ۚ فَشَرِبُوا مِنْهُ إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۚ فَلَمَّا جَاوَزَهُ هُوَ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ قَالُوا لَا طَاقَةَ لَنَا الْيَوْمَ بِجَالُوتَ وَجُنُودِهِ ۚ قَالَ الَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُمْ مُلَاقُو اللَّهِ كَمْ مِنْ فِئَةٍ قَلِيلَةٍ غَلَبَتْ فِئَةً كَثِيرَةً بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ مَعَ الصَّابِرِينَ
Пас чун Толут (бо ҳаштод ҳазор лашкариёнаш барои ҷанги қавми Ҷолут аз ватани худ Байтулмақдис) ҷудо шуданд (ва дар гармои сахт аз ӯ об хостанд, ӯ ба лашкариёнаш) гуфт: "Ҳароина, Аллоҳ шуморо бо дарёе[[Гӯянд, ки дарёи Шариа аст, ки байни Урдун ва Фаластин мегузарад.]] озмоишкунанда аст (, то фармонбарон аз саркашон пайдо шаванд ва ӯ бар ҳама чиз доност), пас ҳар кӣ аз (оби) он (дарё) нӯшид, ӯ (дар ин ҷанг) аз они ман нест (ва маро ҳамроҳӣ ва пайравӣ накунад, зеро ин кор далели бесабрии ӯст ва ҷанг сабру таҳаммулро мехоҳад). Ва ҳар кӣ он (об) -ро начашид, пас ба дурустӣ, ӯ аз они ман аст (, ки дар лашкари ман зидди Ҷолут ҷанг хоҳад кард), магар касе ки ба дасти хеш як мушт (об) баргирад (, то ташнагиашро бишканад), пас бар ӯ дар ин кор боке нест (, пас бештари эшон монанди чаҳорпоён даҳон ба об гузошта) аз он (дарё) бинӯшиданд, магар андаке аз эшон (ки сабр карданд ва об нанӯшиданд ё бо нӯшидани як мушт об иктифо карданд), пас ӯ ва касоне ки ҳамроҳи ӯ имон оварданд (ва бар ташнагӣ сабр карданд ва ё аз оби дарё фақат як мушт об нӯшиданд) он (дарё)-ро бигузаштанд ва гурӯҳе аз эшон (касоне ки оби дарё нӯшиданд,) гуфтанд, ки имрӯз моро бо Ҷолут ва лашкариёнаш (ки наздики сад ҳазор нафаранд, тобу) тавоне нест (, зеро эшон аз мо бештаранд ва мо андакем ва аз дарё нагузаштанд). (Донишмандони эшон,) он касоне (ки бо яқин) медонистанд, ки эшон (рӯзи бозхост) бо Аллоҳ вохӯрандагонанд, (эшонро дилдорӣ ва рӯҳбаланд мекарданду) гуфтанд: «(Пирӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ аст, на аз бисёрии сипоҳ), басо гурӯҳе андак, бо хости Аллоҳ, бар гурӯҳе бисёр пирӯз гашта аст. Ва Аллоҳ (бо ёрмандӣ ва дастгирии худ) ҳамроҳи шикебоён аст».
2:249
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)