Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 247

  1. وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ اللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوا أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ الْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِالْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِنَ الْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ ۖ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

    Ва (пайғамбарашон) ба эшон гуфт: "Ҳароина, Аллоҳ барои шумо Толутро[[Дар он ҳангом Толут донотарин ва зеботарин, хушхӯтарин ва нирӯмандтарин кас дар фарзандони Исроил буд.]] (аз қабилаи Бенёмин) подшоҳ барангехт». Гуфтанд: "Чӣ гуна ӯро бар мо подшоҳӣ бошад, ҳол он ки мо ба подшоҳӣ аз вай сазовортарем (ва миёни мо шоҳзодагонанд ва ӯ ҷуз машкобе беш нест). Ва ба ӯ фарохие аз мол дода нашуда аст (, то дар барпо кардани подшоҳӣ аз он истифода кунад). (Пайғамбарашон) гуфт: «(Эй қавм, ман ӯро бо раъйи худ подшоҳ нагуморидаам, балки Аллоҳ маро ба ин кор фармон дода аст.) Ҳароина, Аллоҳ ӯро бар шумо (ба подшоҳӣ) баргузида аст[[Подшоҳони фарзандони Исроил аз қабилаи Яҳузо ва пайғамбарон аз қабилаи Левӣ буданд, аммо нажоди Толут аз қабилаи Бенёмин буд, на аз қабилаи Яҳузо ва на аз қабилаи Левӣ.]] (ва ӯ аз шумо донотар аст, ки чӣ касе аз шумо ба подшоҳӣ сазовортар аст) ва ӯро дар дониш (-и сарварӣ кардан) ва (нирӯи) тан[[Подшоҳ ё сарвари давлат, бояд аз донишҳои шариатӣ ва аз ҳунарҳои ҷанг ва сулҳ огоҳ ва донишманду зебо ва далеру нирӯманду танӯманд бошад.]] фарохӣ афзуда аст." Ва Аллоҳ ба ҳар касе хоҳад, подшоҳиро медиҳад (ва ӯ аз ончи карда аст, пурсида нашавад, вале мардум бо донишу ҳикмат ва меҳрубонияш аз ӯ дархост мекунанд). Ва Аллоҳ фарохидиҳандаи доност (, ки чӣ касеро фазл бидиҳад ва ӯ донад, ки чӣ касе сазовори фазл аст).

    2:247

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)