Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 246

  1. أَلَمْ تَرَ إِلَى الْمَلَإِ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنْ بَعْدِ مُوسَىٰ إِذْ قَالُوا لِنَبِيٍّ لَهُمُ ابْعَثْ لَنَا مَلِكًا نُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ قَالَ هَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ أَلَّا تُقَاتِلُوا ۖ قَالُوا وَمَا لَنَا أَلَّا نُقَاتِلَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَدْ أُخْرِجْنَا مِنْ دِيَارِنَا وَأَبْنَائِنَا ۖ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ تَوَلَّوْا إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ

    [Фарзандони Исроил пас аз муддате дар роҳи рост устувор буданд вале пас аз чанде ба бутпарастӣ пардохтанд ва зино ва дуздӣ ва риборо ҳалол намуданд ва дар байни эшон то ҳанӯз пайғамбарон вуҷуд доштанд, ки онҳоро ба равиши Таврот даъват мекарданд ва ба некӯӣ эшонро фармон медоданд ва аз нописандиҳо эшонро бозмедоштанд, пас чун дар нофармонии Аллоҳ сахт пайвастанд, Аллоҳ бар эшон душманонеро мусаллат кард, то аз эшон халқе бисёрро бикуштанд ва бисёреро асир гирифтанд ва кишварҳои зиёдро дар фармонравоии худ дароварданд. Ва сандуқро, ки аз замони Мусо буд аз эшон биситонданд. Ҳофизони Таврот бисёр кам буданд ва ҳамчунин пайғамбарӣ аз эшон бурида шуд ва аз қабилаи Левӣ ки пайғамбарон аз эшон барангехта мешуданд, ҷуз зани обистане боқӣ намонда буд. Пас фарзандони Исроил ӯро дар хонае ҳабс карданд. Ин бад-он умед, ки шояд аз ӯ пайғамбаре ба ҷаҳон ояд. Он зан пайваста ба дуо пардохта буд ва ҳамеша дуо мекард, ки Аллоҳ ба ӯ фарзанде арзонӣ дорад. Чун ба дунё омад ва бузург гашт Аллоҳ ба ӯ ваҳй фурӯ фиристод ва фармудаш, ки мардумро ба яктопарастӣ бихонад чун эшонро ба яктопарастӣ хонд, эшон аз ӯ талаб карданд, ки барои эшон подшоҳе баргузинад то бо душманон биҷанганд...] Оё ба сӯи (достони) гурӯҳе аз (фарзонагони) фарзандони Исроил, пас аз Мусо надидӣ, чун ба пайғамбари худ гуфтанд, ки барои мо подшоҳе барангез, то (бо сарварии ӯ) дар роҳи Аллоҳ (бо душманони худ) биҷангем. (Пайғамбари Аллоҳ ба эшон) гуфт: "Оё мабодо, агар бар шумо ҷанг воҷиб карда шавад, ҷанг макунед». Гуфтанд: "Моро чӣ шуда аст, ки дар роҳи Аллоҳ наҷангем ва ҳол он ки (ба сабаби қавмиҶолут) аз хонаҳои худ ва аз фарзандони худ берун карда шудем (зеро онҳо мейҳани мо Фаластинро гирифтанд ва фарзандонамонро асир намуданд ва моро аз эшон дур карданд). Пас чун бар эшон корзор воҷиб карда шуд, (аз корзор) рӯ гардониданд, магар андаке аз эшон (ки сабр намуданд ва побарҷо монданд ва саранҷом ҳамроҳи Толут аз дарё гузар карданд ва бо лашкари Ҷолут ҷангиданд ва пирӯз гаштанд). Ва Аллоҳ бар ситамгорон доност (, зеро эшон ба сабаби тарки ҷиҳод, аз фармони Аллоҳ сар кашиданд ва ба ҷонҳои худ ситам карданд).

    2:246

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)