Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 224

  1. وَلَا تَجْعَلُوا اللَّهَ عُرْضَةً لِأَيْمَانِكُمْ أَنْ تَبَرُّوا وَتَتَّقُوا وَتُصْلِحُوا بَيْنَ النَّاسِ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    [Парвардигори ҷаҳониён бандагонашро наҳй мекунад, ки бо номи ӯ савганд ёд карданро мониаи анҷом додани корҳои накӯ гардонанд, то савганд ёд кардан, эшонро аз тарки гуноҳ боздорад, монанди ин ки савганд хӯрад, ки ба фалон кас садақа намедиҳам ва ё савганд ёд кунад, ки миёни ду нафар оштӣ намеандозам...] Ва (номи) Аллоҳро барои савгандҳои хеш монеа (ва дастафзор ва баҳона) масозед, ки накӯкорӣ кунед ва парҳезгорӣ намоед ва миёни мардум ислоҳ варзед (, чунончи агар савгвнд ёд кардед, ки ба Худо, ин корро намекунам ва ё ба Худо он корро мекунам ва ин кори накӯро анҷом намедиҳам, беҳтар он аст, ки кори хайрро анҷом диҳед ва каффорати савгандро бидиҳед ва магӯед, ки ман савганд ёд кардам ва савгандамро намешиканам ва бо ин кор хештанро аз накӯкорӣ бозмадоред). Ва Аллоҳ (ба суханон ва кирдору аҳволу шумо) шунавои доност.

    2:224

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)