Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 223
-
نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّىٰ شِئْتُمْ ۖ وَقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ مُلَاقُوهُ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ
[Ҷуҳудон мегуфтанд, ки агар занро аз ақибаш дар макони зоишгоҳ муҷомаат кунанд, фарзанд олус ва чашмкож мерӯяд, онгоҳ ин оят дар посухи онон фуруд омад[["Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 4528 ва "Саҳиҳ"-и Муслим; 1435.]] :] Занони шумо киштзори[[Аллоҳи бузургвор занро киштзор номида аст, гӯё нутфа дона ва фарзанд кишту ҳосили кишт аст, зеро чун киштзор корида шавад, кишт мерӯяд ва чун фавҳар бо занаш мехобад, ба дастури Аллоҳ фарзанд зода мешавад.]] (фарзандони) шумоанд (, ки дар он киштзор, гиёҳи фарзандони худро мекоред). Пас, ҳар гуна ки хоҳед ба киштзори (фарзандони) хеш биёед[[Дар ин оят низ таҳрими ҷимои занон дар дубури эшон аст, зеро Аллоҳи кирдигор ҷимоъро фақат дар мавзеъи кишти фарзанд раво дошта аст. Ва ҳадисҳои зиёде аз Пайғамбар дар хусуси таҳрими ҷимоъ дар дубури занон ва дар бораи лаънат хондани кунандаи ин кори палид ворид гашта аст.]] (, хоҳ истода ва ё нишаста ва ё хобида аз пеш ва ё аз пас, валекин, ба шарте ки дар макони кишт, дар шикофи шармгоҳ, дар сӯрохии зоишгоҳ бошад, яъне дар ҷое ки фарзанд зода мешавад ҷимоъ кунед ва ҳангоми ҳайзу нифос бо онон ҳамхоба нашавед.) Ва барои (раҳоии) хештан (дар рӯзи қиёмат кирдори накӯ ва фарзандони шоистаро) пеш фиристед! Ва аз (маъсиятҳо ва наҳйҳои) Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки шумо бо ӯ вохӯрандагонед (ва ӯ шуморо бо кирдоратон ҷазо медиҳад). Ва муъминон (-и парҳезгор)-ро (ба пирӯзии бузург, ба биҳишт) мужда бидеҳ!
2:223
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)