Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 222
-
وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْمَحِيضِ ۖ قُلْ هُوَ أَذًى فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ ۖ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ ۖ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ وَيُحِبُّ الْمُتَطَهِّرِينَ
[Чун занони ҷуҳудон ҳайз медиданд, ҷуҳудон бо эшон хӯрок намехӯрданд ва бо эшон дар якҷо намезистанд, пас ёрони Пайғамбар аз ӯ пурсиданд, ин оят фуруд омад[["Саҳиҳ"-и Муслим; 302.]] :] Ва (эй Муҳаммад,) туро аз ҳайз мепурсанд (, ки дар ин ҳол бо занон чӣ бояд кард оё ҳамроҳашон хӯрдану нӯшидан ва хуфтану зистан равост, ё ки монанди одоти рӯзгори ҷоҳилият ва монанди ҷуҳудон, то пок гаштан аз эшон дур шавем). Бигӯ, ки вай (, яъне ҳайз) ранҷ аст (, ки аз бадбӯӣ ва нопокии он занро ранҷ мерасад), пас аз (ҷимои) занони худ дар ҳайз яксӯ шавед (ва гӯша бигиред) ва ба эшон (баҳри ҷимоъ) наздик машавед, то ин ки (аз хуни ҳайз) пок шаванд. Пас чун (бо об барои намоз, сару тан шустанд ва) покиза шуданд, пас дар онҷое[[Ин оят таҳрими ҷимои занонро дар пушт, яъне дар дубур дар бар мегирад.]] ки Аллоҳ шуморо фармуда (ва раво) дошта аст ба эшон (ба ҷимоъ) бирасед (, яъне бо эшон дар макони зодашудани фарзанд бихуспед, на дар пушти занон). Ҳароина, Аллоҳ тавбакоронро (ки аз гуноҳҳо тавба мекунанд) дӯст медорад (ва муздашонро медиҳад ва гиромияшон медорад) ва покизагонро дӯст медорад (, ки аз палидиҳо худро покиза мекунанд).
2:222
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)