Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 221

  1. وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّىٰ يُؤْمِنَّ ۚ وَلَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ ۗ وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤْمِنُوا ۚ وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ ۗ أُولَٰئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ ۖ وَيُبَيِّنُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ

    (Эй мусалмонон!) Занони мушрикаро ба занӣ магиред, то ин ки (ба Аллоҳи якто ва ба пайғамбари ӯ Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) имон оранд. Ва ҳароина, канизаки муъмина (-и боимон) аз зани (озоди) мушрика беҳтар аст, агарчӣ ӯ (ба сабаби зебогӣ ва ё мол ва ё мансаб ва ё насабаш) ба шумо писанд ояд. Ва (занони муъминаро) ба мардони мушрик ба занӣ мадиҳед, то ин ки (ба Аллоҳи якто ва ба пайғамбари ӯ Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) имон оранд. Ва ҳароина, бандаи муъмин аз марди (озоди) мушрик беҳтар аст, ҳарчанд ки ӯ (ба сабаби зебогӣ ва ё мол ва ё мансаб ва ё насабаш) ба шумо писанд ояд. Он гурӯҳ (, яъне занону мардони мушрики кофир) шуморо (бо суханон ва кирдору ҳоли худ) ба сӯи дӯзах мехонанд (ва аз ин рӯ шоистаи заношавҳарӣ нестанд) ва Аллоҳ ба дастури худ, шуморо (бо забони фиристодагонаш бо имон овардан ва кирдори шоиста) ба сӯи биҳишт ва омурзиш мехонад. Ва оятҳои худро барои шумо равшан месозад (ва тамоми ҳукмҳоро аз неку бад ва ҳалолу ҳаром ва поку палид ва ҳақу ботил ба эшон меомузад) то бошад, ки эшон (ҳушёр гарданд ва) панд пазиранд.

    2:221

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)