Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 222 – 228
-
وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْمَحِيضِ ۖ قُلْ هُوَ أَذًى فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ ۖ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ ۖ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ وَيُحِبُّ الْمُتَطَهِّرِينَ
Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд. Пас, ҳангоме ки пок шуданд [ва ғусл карданд], аз ҳамон ҷойе, ки Аллоҳ таоло ба шумо фармон додааст, бо эшон омезиш кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло тавбакунандагонро дӯст медорад ва покизагонро [низ] дӯст медорад"
2:222 -
نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّىٰ شِئْتُمْ ۖ وَقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ مُلَاقُوهُ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ
Занони шумо [дар ҳукми] киштзоре барои шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна ки мехоҳед ба киштзори худ дароед ва [тӯшае ҳамчун фарзанди солеҳ] барои худ пеш бифиристед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Ӯро мулоқот хоҳед кард ва [эй паёмбар, дар бораи неъматҳои илоҳӣ] ба муъминон башорат бидеҳ
2:223 -
وَلَا تَجْعَلُوا اللَّهَ عُرْضَةً لِأَيْمَانِكُمْ أَنْ تَبَرُّوا وَتَتَّقُوا وَتُصْلِحُوا بَيْنَ النَّاسِ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Ва Аллоҳро дастовези савгандҳои худ қарор надиҳед, то [ба ин баҳона] аз накукорӣ ва парҳезкориву оштӣ додан миёни мардум [даст бардоред]; ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло шунавову доност
2:224 -
لَا يُؤَاخِذُكُمُ اللَّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَٰكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا كَسَبَتْ قُلُوبُكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٌ
Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳое, ки беҳуда ва бидуни қасд ёд мекунед, бозпурсӣ намекунад, вале ба хотири он чи дилҳоятон [амдан] касб кардааст [ва савгандҳои дурӯғе, ки огоҳона бар забон овардаед] бозхост мекунад ва [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
2:225 -
لِلَّذِينَ يُؤْلُونَ مِنْ نِسَائِهِمْ تَرَبُّصُ أَرْبَعَةِ أَشْهُرٍ ۖ فَإِنْ فَاءُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Барои касоне, ки [ба расми ҷоҳилият] бар тарки омезиш бо занони худ савганд ёд кунанд, чаҳор моҳ интизор [ва муҳлат] аст. Пас, агар [дар муддати чаҳор моҳ ё камтар пушаймон шуданд ва ба занонашон] бозгаштанд, [бидонанд, ки] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
2:226 -
وَإِنْ عَزَمُوا الطَّلَاقَ فَإِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Ва агар [бар тарки занонашон пофишорӣ кунанд ва] тасмим ба талоқ гирифтанд, [бидонанд, ки] ҳамоно Аллоҳ таоло шунавову доност
2:227 -
وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ ۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَنْ يَكْتُمْنَ مَا خَلَقَ اللَّهُ فِي أَرْحَامِهِنَّ إِنْ كُنَّ يُؤْمِنَّ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنْ أَرَادُوا إِصْلَاحًا ۚ وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Занони талоқшуда [пеш аз издивоҷи муҷаддад] бояд ба муддати се бор покӣ [дидани се бор одати моҳона] интизор бикашанд; ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд, бар онон раво нест, ки он чиро Аллоҳ таоло дар раҳимҳояшон офаридааст, китмон кунанд; ва агар шавҳаронашон хоҳони оштӣ ҳастанд, барои бозгардондани онон [ба зиндагии заношӯӣ] дар ин [муддат аз дигарон] сазовортаранд; ва занон ҳуқуқи шоистае доранд, ҳаммонанд [-у ҳамсангии вазоифе], ки бар уҳда доранд ва мардон [дар сарпарастиву амри талоқ] бар онон бартарӣ доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
2:228
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»