Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 142 – 150

  1. سَيَقُولُ السُّفَهَاءُ مِنَ النَّاسِ مَا وَلَّاهُمْ عَنْ قِبْلَتِهِمُ الَّتِي كَانُوا عَلَيْهَا ۚ قُلْ لِلَّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ ۚ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    Ба зудӣ гурӯҳе аз мардуми камхирад [яҳудӣ] хоҳанд гуфт: "Чӣ чизе онҳо [мусулмонон]-ро аз қиблаашон [Байт-ул-муқаддас], ки бар он буданд, [ба сӯйи Каъба] бозгардонд"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Машриқу мағриб аз они Аллоҳ таоло аст, ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад"

    2:142
  2. وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا ۗ وَمَا جَعَلْنَا الْقِبْلَةَ الَّتِي كُنْتَ عَلَيْهَا إِلَّا لِنَعْلَمَ مَنْ يَتَّبِعُ الرَّسُولَ مِمَّنْ يَنْقَلِبُ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ ۚ وَإِنْ كَانَتْ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى الَّذِينَ هَدَى اللَّهُ ۗ وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُضِيعَ إِيمَانَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِالنَّاسِ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ

    Ҳамон гуна [ки қиблаи шумо як қиблаи миёна аст] шуморо низ уммати миёна [ва аҳли эътидол] қарор додем то [дар рӯзи қиёмат] бар мардум гувоҳ бошед [ки паёмбарони илоҳӣ паёмашонро ба дурустӣ расонидаанд] ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад [ки каломи Аллоҳро ба шумо расонидааст] ва мо қиблаеро, ки бештар бар он будӣ [Байт-ул-муқаддас], қарор надодем, магар барои ин ки касеро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунад, аз касе, ки ба ақиб бозмегардад [ва аз итоати Аллоҳ таоло ва расулаш рӯйгардон мешавад], бозшиносем. Мусалламан ин [ҳукм] ҷуз бар касоне, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда бошад, сангину душвор аст. Аллоҳ таоло ҳаргиз имон [ва намоз]-и шуморо зоеъ намегардонад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло нисбат ба мардум дилсӯзу меҳрубон аст

    2:143
  3. قَدْ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجْهِكَ فِي السَّمَاءِ ۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبْلَةً تَرْضَاهَا ۚ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ ۗ وَإِنَّ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ

    [Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо гардондани рӯятро ба [сӯйи] осмон [ки дар интизори ваҳйи илоҳӣ барои тағйири қибла ҳастӣ] мебинем. Акнун туро ба [сӯйи] қиблае бозмегардонем, ки ба он хушнуд мешавӣ, пас, рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед. Касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онҳо дода шуд, ба хубӣ медонанд, ки ин [тағйири қибла фармони] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигорашон мебошад ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунанд, ғофил нест

    2:144
  4. وَلَئِنْ أَتَيْتَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ بِكُلِّ آيَةٍ مَا تَبِعُوا قِبْلَتَكَ ۚ وَمَا أَنْتَ بِتَابِعٍ قِبْلَتَهُمْ ۚ وَمَا بَعْضُهُمْ بِتَابِعٍ قِبْلَةَ بَعْضٍ ۚ وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ إِنَّكَ إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ

    Агар барои онон, ки китоби [осмонӣ] ба эшон дода шудааст, ҳар нишона [ва далеле барои ҳаққонияти тағйири қибла] биёварӣ, [боз ҳам] аз қиблаи ту пайравӣ намекунанд ва ту [низ] аз қиблаи онон пайравӣ нахоҳӣ кард ва бархе аз онон низ аз қиблаи бархе дигар пайравӣ намекунанд ва агар пас аз он ки илму дониш ба ту расидааст, аз хостаҳои [нафсонии] онон [дар мавриди қибла ва дигар аҳком] пайравӣ кунӣ, дар ин сурат мусалламан аз ситамгорон хоҳӣ буд

    2:145
  5. الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءَهُمْ ۖ وَإِنَّ فَرِيقًا مِنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

    Касоне, ки ба онон китоби [осмонӣ] додаем, [Муҳаммад]-ро чунон мешиносанд, ки фарзандони худро мешиносанд [ва медонанд, ки суханаш барҳақ аст], вале гурӯҳе аз онон, дар ҳоле ки худ низ медонанд, ҳақро китмон мекунанд

    2:146
  6. الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ ۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُمْتَرِينَ

    [Эй паёмбар он чи бар ту нозил мегардад, ҳукми] Ҳақ аз ҷониби Парвардигори туст, пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон мабош

    2:147
  7. وَلِكُلٍّ وِجْهَةٌ هُوَ مُوَلِّيهَا ۖ فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ ۚ أَيْنَ مَا تَكُونُوا يَأْتِ بِكُمُ اللَّهُ جَمِيعًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Ҳар яке [аз умматҳо] ҷиҳате доранд, ки [ҳангоми намоз] бад-он рӯ мекунанд, пас, [шумо эй муъминон] дар некиҳо [бар якдигар] сабқат бигиред. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ таоло [дар рӯзи қиёмат] ҳамаи шуморо ҳозир мекунад. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

    2:148
  8. وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ وَإِنَّهُ لَلْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    [Эй паёмбар] Аз ҳар ҷо ки [ба қасди сафар] хориҷ шудӣ, пас, [ба ҳангоми намоз] рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва ба дурустӣ, ки ин [рӯ карданат] ҳаққе аз ҷониби Парвардигорат аст ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест

    2:149
  9. وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيْكُمْ حُجَّةٌ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِي وَلِأُتِمَّ نِعْمَتِي عَلَيْكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ

    Ва аз ҳар ҷо, ки берун шудӣ, пас, [дар ҳангоми намоз] рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо, эй муъминон] ҳар ҷо ки бошед, рӯйи худро ба сӯйи он [масҷид] кунед, то мардум алайҳи шумо ҳуҷҷате надошта бошанд [то бо истинод ба онҳо баҳонатарошӣ кунанд], магар касоне аз эшон, ки ситам карданд [ва ҳамвора душманатон хоҳанд буд]. Пас, аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед [ин тағйири қибла барои он буд], ки неъматамро бар шумо тамом кунам [ва шуморо мутамоиз созам], бошад, ки ҳидоят шавед

    2:150

Тарҷума: Центр переводов «Руввад»