Мусҳаф, саҳифа 49
-
وَإِنْ كُنْتُمْ عَلَىٰ سَفَرٍ وَلَمْ تَجِدُوا كَاتِبًا فَرِهَانٌ مَقْبُوضَةٌ ۖ فَإِنْ أَمِنَ بَعْضُكُمْ بَعْضًا فَلْيُؤَدِّ الَّذِي اؤْتُمِنَ أَمَانَتَهُ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ ۗ وَلَا تَكْتُمُوا الشَّهَادَةَ ۚ وَمَنْ يَكْتُمْهَا فَإِنَّهُ آثِمٌ قَلْبُهُ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ
Ва (эй вомгирандагон,) агар дар сафар бошед (ва аз ҳамдигар барои муддати муайян вом гирифтед) ва дабире (барои навиштан) наёфтед (ё варақ ва хома ё ранг пайдо накардед), пас (ба ҷои навиштан аз қарздорон) гаравҳо [[Гирифтани гарав дар ҳоли сафар ва муқим будан равост, агарчӣ дабир ва гувоҳ вуҷуд дошта бошанд.]] ситонида шавад. Пас агар бархе аз шумо бархеро амин медонад (яъне агар соҳиби мол вомгирандаро амин бидонад бар ситондани гарав ҳоҷат нест) онгоҳ (қарздор яъне) он касе ки амин дониста шуда аст, бояд амонаташро бигузорад (ва вомро бипардозад). Ва (дар пардохтани вом,) аз Аллоҳ - аз Парвардигораш битарсад (ва молеро ки аз соҳиби мол гирифта аст, инкор накунад ва савганд бар дурӯғ махӯрад). Ва (эй гувоҳон, чун ба гувоҳ додан назди ҳоким хонда шудед,) гувоҳиро пинҳон мадоред (, то соҳиби ҳақ ҳаққашро бигирад, агарчӣ он гуҳвоҳӣ бар зидди худ ва падару модару хешовандонатон бошад). Ва ҳар кӣ онро пинҳон дорад, пас ҳароина, дили ӯ гунаҳгор (-и бадкор) аст. Ва Аллоҳ бад-ончӣ мекунед (, монанди гувоҳӣ додан ва пинҳон доштани он) доност (ва чизе аз ӯ пинҳон намемонад ва саранҷом шуморо бо он ҷазо медиҳад).
2:283 -
لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِنْ تُبْدُوا مَا فِي أَنْفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُمْ بِهِ اللَّهُ ۖ فَيَغْفِرُ لِمَنْ يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
(Эй гувоҳон, гувоҳиро пинҳон мадоред, чунки Аллоҳ ҳама чизро медонад ва ҳама офаридагон зердаст ва зери фармони ӯянд.) Ҳар ончӣ дар осмонҳо ва ҳар ончӣ дар замин аст, Аллоҳрост (ва ҳама хурду бузурги осмонҳову замин ва тадбиру чорасозии онҳо ба дасти ӯст. Ва чизе аз ӯ пинҳон намонад, зеро ӯ Парвардигори чорасоз аст). Ва (эй мардумон,) агар ончиро ки (аз қасди бадӣ ва нийяти бад, чун пинҳон доштани гувоҳӣ ва шакку куфр) дар дили шумост ошкор кунед ё пинҳон доред (рӯзи растохез) Аллоҳ шуморо бо он (огоҳ кунад ва) ҳисоб бигирад, пас касеро хоҳад (аз худотарсон ва мӯъминон) биомурзад ва ҳар киро хоҳад (аз мунофиқон ва мушрикон ва гунаҳгорон ба сабаби шак намуданашон дар ягонагии Аллоҳ ва дар пайғамбарии пайғамбаронаш), азоб диҳад. (Дар инҷо азм, қасди маъсият аст, ки Аллоҳ инсонро бо он ҳисоб мегирад, аммо ҳадиси нафс, яъне аз дил гузаронидани чизе бахшида шуда аст, то ин ки онро ба касе нагӯяд ва то ин ки он корро накунад). Ва Аллоҳ бар ҳама чиз (ба ҳисобгирӣ ва подоши шумо) тавоност [[Нигаред, "Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 4545, 4546.]] (, ки мӯъминонро барои бо дил қасди гуноҳе кардан биомурзад ва кофиронро ба сабаби шак дар ягонагии Аллоҳ ва пайғамбарии пайғамбаронаш азоб намояд).
2:284 -
آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ ۚ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْ رُسُلِهِ ۚ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۖ غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ
Фиристода (-и Аллоҳ-Муҳаммад) бад-ончӣ аз Парвардигораш ба сӯи ӯ (аз Қуръон) фуруд оварда шуда аст, бовар дошт ва мӯъминон низ (бад-ончӣ аз Парвардигорашон ба сӯи Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз Қуръон фуруд омада аст, ба ҳама ҳалолу ҳаром ва фармону боздорӣ ва ба ваъду бимкунӣ бовар доштанд). Ҳама ба (ягонагии) Аллоҳ ва (ҳастии) фариштагони ӯ ва (ростии) китобҳои ӯ ва фиристодагони ӯ имон оварданд (, эшон мегӯянд): "Миёни ҳеҷ касе аз фиристодагони ӯ фарқ нагузорем (ва ба ҳама фиристодагонаш имон овардем, на чун ҷуҳудону насоро ки ба баъзе фиристодагон имон меоранд ва ба баъзе куфр меварзанд)». Ва (ҳама якдил ва якзабон) гуфтанд: «(Наҳй ва фармонҳои илоҳиро бо гӯши фаҳм ва қабул) шунидем ва (фаризаҳо ва фармудаҳои Парвардигорамонро) фармонбардорӣ кардем (ва ба фармудаҳои ӯ гардан ниҳодем). Эй Парвардигори мо, омурзишатроо мехоҳем ва (рӯзи бозхост) бозгашт (-и ҳама офаридагон) ба сӯи туст (, пас гуноҳҳои моро пӯшида дор).
2:285 -
لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِ ۖ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا ۚ أَنْتَ مَوْلَانَا فَانْصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
[Чун ояти وَإِنْ تُبْدُوا مَا فِي أَنْفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُمْ بِهِ اللَّهُ фуруд омад, муъминон аз васваса ба Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гила бурданд, ки аз кирдори дасту пову забон тавба мекунем, аммо васвасаро чӣ созем, ки дар ихтиёри мо нест. Ва ба эшон ҳисобгирӣ ба сабаби васваса душворӣ намуд, Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудашон, ки ба ҳукми Аллоҳ ризо шавед ва монанди ҷуҳудон магӯед, ки шунидем ва саркашӣ кардем балки бигӯед: سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ , яъне шунидем ва фармонбарӣ кардем, Парвардигоро, омурзиши туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи туст. Пас Аллоҳи меҳрубон ин оятро дар насхи он фуруд овард ва муҳосаба ва васвасаро бекор намуд ва муҳосабаи рафтору кирдорро бар ҷо гузошт[[Нигаред, "Саҳиҳ"-и Муслим; 125.]] :] Аллоҳ ҳеҷ касеро мукаллаф намекунад, магар ба андозаи тавонаш (, то ки Аллоҳро ба андозаи тавонаш парастиш кунад). Ончӣ ҳар кас (бо дасту пову забон) некӣ карда аст, барои (суди) ӯст ва ончӣ (бо дасту пову забон) бадӣ карда аст (ва гуноҳ варзида) бар (зиёни) ӯст. Эй Парвардигори мо, чун (иҷрои фарзеро ва ё амреро) фаромӯш кардем, ё (дар кардани наҳйе аз нодонӣ ғайри қасд) хато намудем (ва ё ба хато ба ҳаром даст задем, бо иқоб) бар мо магир! Эй Парвардигори мо, бар дӯши мо паймони гарон(ва корҳои сангини тоқатфарсо)-ро манеҳ, чунончи онро бар дӯши касоне ки пеш аз мо буданд, ниҳодӣ (, монанди куштани шахс дар тавба ва буридани ҷои наҷосат). Эй Парвардигори мо, ва бар дӯши мо (фаризаҳо ва мусибатҳо ва озмоишу таклифҳо ва аз ғурбату шаҳватҳо) ончиро манеҳ, ки моро тавони (бардошти) он набошад (, то аз бардоштани он оҷиз бошем ва аз кӯтоҳӣ ва гуноҳҳое ки байни мо ва туст,) аз мо гузашт кун (ва онҳоро бизудой) ва (бадиҳову лағзишҳои) моро (дар ҳаққи бандагонат) биёмурз (ва назди эшон ошкорашон магардон) ва бар мо бибахш (ва дар оянда моро аз афтодан дар гуноҳҳо нигаҳ дор ва моро ба сӯи фармонбарии худ комёб соз ва моро рӯзи растохез шарманда магардон ва бо раҳмати худ моро аз азобат растагорӣ бидеҳ). Ту ёри моӣ, пас моро (дар барпо доштани ҳуҷҷат ва размоварӣ бар душманони худ ва душманони дин, яъне) бар гурӯҳи кофирон (ёрӣ фармо ва) пирӯзӣ бидеҳ[[Абумасъуд Уқба писари Амр писари Саълабаи Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят карда аст, ки Фиристодаи Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта аст: الْآيَتَانِ مِنْ آخِرِ سُورَةِ الْبَقَرَةِ مَنْ قَرَأَهُمَا فِي لَيْلَةٍ كَفَتَاهُ Ду оят аз охири сураи Бақара ҳастанд, ҳар кӣ он дуро ба шаб бихонад, ӯро ин ду оят (аз тамоми бадиҳо) басанда бошанд. (Бухорӣ; 4008 ва Муслим; 807)]] (, яъне моро бар касоне пирӯзӣ бахш, ки эшон динатро ва яктогии туро ва пайғамбарии пайғамбаронатро инкор намуданд ва дар парастиши ту касони дигарро шарик намуданд).
2:286
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)