Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 286

  1. لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِ ۖ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا ۚ أَنْتَ مَوْلَانَا فَانْصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ

    [Чун ояти وَإِنْ تُبْدُوا مَا فِي أَنْفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُمْ بِهِ اللَّهُ фуруд омад, муъминон аз васваса ба Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гила бурданд, ки аз кирдори дасту пову забон тавба мекунем, аммо васвасаро чӣ созем, ки дар ихтиёри мо нест. Ва ба эшон ҳисобгирӣ ба сабаби васваса душворӣ намуд, Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудашон, ки ба ҳукми Аллоҳ ризо шавед ва монанди ҷуҳудон магӯед, ки шунидем ва саркашӣ кардем балки бигӯед: سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ , яъне шунидем ва фармонбарӣ кардем, Парвардигоро, омурзиши туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи туст. Пас Аллоҳи меҳрубон ин оятро дар насхи он фуруд овард ва муҳосаба ва васвасаро бекор намуд ва муҳосабаи рафтору кирдорро бар ҷо гузошт[[Нигаред, "Саҳиҳ"-и Муслим; 125.]] :] Аллоҳ ҳеҷ касеро мукаллаф намекунад, магар ба андозаи тавонаш (, то ки Аллоҳро ба андозаи тавонаш парастиш кунад). Ончӣ ҳар кас (бо дасту пову забон) некӣ карда аст, барои (суди) ӯст ва ончӣ (бо дасту пову забон) бадӣ карда аст (ва гуноҳ варзида) бар (зиёни) ӯст. Эй Парвардигори мо, чун (иҷрои фарзеро ва ё амреро) фаромӯш кардем, ё (дар кардани наҳйе аз нодонӣ ғайри қасд) хато намудем (ва ё ба хато ба ҳаром даст задем, бо иқоб) бар мо магир! Эй Парвардигори мо, бар дӯши мо паймони гарон(ва корҳои сангини тоқатфарсо)-ро манеҳ, чунончи онро бар дӯши касоне ки пеш аз мо буданд, ниҳодӣ (, монанди куштани шахс дар тавба ва буридани ҷои наҷосат). Эй Парвардигори мо, ва бар дӯши мо (фаризаҳо ва мусибатҳо ва озмоишу таклифҳо ва аз ғурбату шаҳватҳо) ончиро манеҳ, ки моро тавони (бардошти) он набошад (, то аз бардоштани он оҷиз бошем ва аз кӯтоҳӣ ва гуноҳҳое ки байни мо ва туст,) аз мо гузашт кун (ва онҳоро бизудой) ва (бадиҳову лағзишҳои) моро (дар ҳаққи бандагонат) биёмурз (ва назди эшон ошкорашон магардон) ва бар мо бибахш (ва дар оянда моро аз афтодан дар гуноҳҳо нигаҳ дор ва моро ба сӯи фармонбарии худ комёб соз ва моро рӯзи растохез шарманда магардон ва бо раҳмати худ моро аз азобат растагорӣ бидеҳ). Ту ёри моӣ, пас моро (дар барпо доштани ҳуҷҷат ва размоварӣ бар душманони худ ва душманони дин, яъне) бар гурӯҳи кофирон (ёрӣ фармо ва) пирӯзӣ бидеҳ[[Абумасъуд Уқба писари Амр писари Саълабаи Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят карда аст, ки Фиристодаи Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта аст: الْآيَتَانِ مِنْ آخِرِ سُورَةِ الْبَقَرَةِ مَنْ قَرَأَهُمَا فِي لَيْلَةٍ كَفَتَاهُ Ду оят аз охири сураи Бақара ҳастанд, ҳар кӣ он дуро ба шаб бихонад, ӯро ин ду оят (аз тамоми бадиҳо) басанда бошанд. (Бухорӣ; 4008 ва Муслим; 807)]] (, яъне моро бар касоне пирӯзӣ бахш, ки эшон динатро ва яктогии туро ва пайғамбарии пайғамбаронатро инкор намуданд ва дар парастиши ту касони дигарро шарик намуданд).

    2:286

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)