Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 282
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَدَايَنْتُمْ بِدَيْنٍ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى فَاكْتُبُوهُ ۚ وَلْيَكْتُبْ بَيْنَكُمْ كَاتِبٌ بِالْعَدْلِ ۚ وَلَا يَأْبَ كَاتِبٌ أَنْ يَكْتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ اللَّهُ ۚ فَلْيَكْتُبْ وَلْيُمْلِلِ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ وَلَا يَبْخَسْ مِنْهُ شَيْئًا ۚ فَإِنْ كَانَ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ سَفِيهًا أَوْ ضَعِيفًا أَوْ لَا يَسْتَطِيعُ أَنْ يُمِلَّ هُوَ فَلْيُمْلِلْ وَلِيُّهُ بِالْعَدْلِ ۚ وَاسْتَشْهِدُوا شَهِيدَيْنِ مِنْ رِجَالِكُمْ ۖ فَإِنْ لَمْ يَكُونَا رَجُلَيْنِ فَرَجُلٌ وَامْرَأَتَانِ مِمَّنْ تَرْضَوْنَ مِنَ الشُّهَدَاءِ أَنْ تَضِلَّ إِحْدَاهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحْدَاهُمَا الْأُخْرَىٰ ۚ وَلَا يَأْبَ الشُّهَدَاءُ إِذَا مَا دُعُوا ۚ وَلَا تَسْأَمُوا أَنْ تَكْتُبُوهُ صَغِيرًا أَوْ كَبِيرًا إِلَىٰ أَجَلِهِ ۚ ذَٰلِكُمْ أَقْسَطُ عِنْدَ اللَّهِ وَأَقْوَمُ لِلشَّهَادَةِ وَأَدْنَىٰ أَلَّا تَرْتَابُوا ۖ إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً حَاضِرَةً تُدِيرُونَهَا بَيْنَكُمْ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَلَّا تَكْتُبُوهَا ۗ وَأَشْهِدُوا إِذَا تَبَايَعْتُمْ ۚ وَلَا يُضَارَّ كَاتِبٌ وَلَا شَهِيدٌ ۚ وَإِنْ تَفْعَلُوا فَإِنَّهُ فُسُوقٌ بِكُمْ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ وَيُعَلِّمُكُمُ اللَّهُ ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Эй касоне ки (ба Аллоҳ ва Фиристодаи ӯ) имон овардед, чун (дар хариду фурӯш ва доду гирифт) аз ҳамдигар то муддати муайян (бо паймонаи муайян ва андозаи муайян) вом бигиред, онгоҳ (барои пешгирии низоъ,) онро (хоҳ дар фурӯш бошад ва хоҳ қарз) бояд бинависед ва бояд ки дабир (, яъне нависанда қарзномаро байни қарздор ва соҳиби қарз) бо адл (-у инсоф) бинависад (ва дар миқдори мол ва муддати он чизе нафизояд ва чизе кам накунад). Ва дабир (агар фориғ бошад, бояд) сар натобад, аз он ки (чун касеро пайдо накарданд ва ӯро ба навиштан хонанд, қарзномаро байни соҳиби қарз ва қарздор) бинависад, чунончи Аллоҳ ӯро (навиштан) омӯхта аст (ва дар навиштан фазлаш дода аст). Ва (қарздор, яъне) он касе ки бар (гардани) ӯ ҳақ аст, бояд (бар дабир он чиро ки аз қарз бар зиммаи ӯст) имло кунад ва (дар имлояш) аз (иқоби) Аллоҳ аз Парвардигораш битарсад ва аз он чизеро накоҳонад (ва пинҳон надорад). Пас, агар (қарздор, яъне) он касе ки бар ӯ ҳақ аст бехирад [[Девона ё исрофкор.]] (-и исрофкор) ё (кӯдак ва ё пир ё) нотавон [[Кӯдак ва ё пире ки навиштан наметавонад ва ё шахсе ки намедонад, ки чӣ мегӯяд.]] бошад ё (нохонда ва ё нодон ва ё гунг ва ё аз аҳли забон набошад) ва натавонад, ки имло кунад пас коргузори [[Коргузор-валӣ, монанди падараш ва ё васӣ ё мутарҷим имло намояд.]] ӯ боадл (бе костан ва ё фузудан) имло намояд. Ва (барои зиёдати боварӣ дар қарз) ду гувоҳро аз мардон (-и болиғи озоди мусалмон) худ гувоҳ бигирад. Пас, агар ду мард (гувоҳ) набошад, онгоҳ (дар қарз) як марду ду зан гувоҳ бошанд аз гувоҳон, аз касоне ки (шумо ба дину ақл ва салоҳу адолати эшон) ризоманд мешавед (ва гирифтани ду зан ба ҷои як мард барои он аст) то агар як зани эшон (ба сабаби костагии дину ақл гувоҳиро) гум намояд (ва фаромӯш кунад), яке дигареро ба ёд оварад. Ва гувоҳон сар натобанд, чун эшонро (ба гувоҳӣ додани қарзнома ва қарз ва адои гшувоҳии ҳақ) бихонанд (, дар ҳоле ки эшон фориғ бошанд ва гувоҳе дигар ғайр аз эшон набошад). Ва ба сутӯҳ маёед (ва ба танг маёед ва хаста машавед) аз он ки (дар ҳама ҳол воми андак ва бисёрро ва) хурду бузургро, то муддати муайян бинависед. Ҳамин кор (навиштани вом то муддаташ) назди Аллоҳ боинсофтар ва барои гувоҳӣ (-и гувоҳон) дурусттар аст ва (барои шумо) наздиктар аст, то (дар андозаи қарз ва муддати он ва дар гувоҳӣ додан) дар гумон нашавед (, зеро чун номаи навиштаро мебинед, ҳама гумон ва шубҳаи шумо аз байн меравад), магар ки савдогарии даст ба даст (бе муддат ва бе таъхир ва ғайри насия) бошад (ва баҳои коло ва коло ҳозир бошад), ки онро миёни ҳамдигар (бе ягон диранге) доду гирифт кунед (ва дар як маҷлис молро бидиҳед ва баҳояшро биситонед, пас дар ин ҳол ба навиштани он ҳоҷат намемонад). Пас, бар шумо гуноҳе нест, ки онро (, яъне савдогарии даст ба дастро) нанависед. Ва чун (то муддате ва ё бе муддат дар хурду бузург ва ё нақду насия) бо якдигар хариду фурӯш кардед (, дар ҳар сурат барои дафъи ихтилоф бар ҳаққи худ) гувоҳ бигиред (, зеро гувоҳ гирифтан бар ҳар фурӯшанда ва харидор ҳаққи воҷиб ва фарзу лозим аст). (Аз ҷониби соҳиби ҳақ) на дабир зиён (-у ранҷ) бинад ва на гувоҳ (, монанди ин ки гувоҳ ба макони дуре хонда шавад, ки сафари онҷо барояш душвор бошад ё ки аз ӯ дархост намоянд, ки ба ноҳақ ва бар дурӯғ гувоҳӣ диҳад ва ё дабир чизеро бар дурӯғ бинависад ва ё чизеро бинависад, ки аслан вуҷуд надорад ва ё чизеро биафзояд ва бикоҳонад. Ва ё гувоҳ ва дабирро коре муҳим бошад ва эшонро даъват намоянд, чун эшон ба сабаби кори худ узр хоҳанд ба эшон бигӯянд, ки шуморо бар ин кор Аллоҳ фармон дода аст, пас бояд моро иҷобат фармоед. Он мард бояд касони дигарро ғайр аз эшон талаб кунад ва эшонро зиён марасонад ва бигузорадашон, ки кори худро анҷом диҳанд). Ва агар (баъд аз фармудан ва наҳй кардан,) ин корро бикунед (ва дабиру гувоҳро зийн бирасонед), пас ҳароина, он барои шумо бадкорӣ (, яъне гуноҳ ва аз фармони Аллоҳ берун омадан) аст. Ва (дар фармонҳо ва наҳйҳо) аз Аллоҳ битарсед (ва нависанда ва гувоҳро зиён марасонед) ва Аллоҳ ба шумо (воҷибот ва дониши судманд ва манфиати корҳоятонро) меомӯзад (, ки он барои шумо, мояи хушбахтии ду гетист). Ва Аллоҳ ба ҳама чиз доност (ва ҳақиқати корҳо ва саранҷоми онҳоро ва манфиатҳои шумо ва ошкору ниҳони ҳама чизро медонад).
2:282
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)