Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 274 – 281
-
الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ سِرًّا وَعَلَانِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Касоне, ки амволи худро дар шабу рӯз, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд
2:274 -
الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا ۚ فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَىٰ فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ ۖ وَمَنْ عَادَ فَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]. Ин бад-он сабаб аст, ки онон [рибохорон] гуфтанд: "Доду ситад низ монанди рибост [ва ин ҳар ду молро афзун мекунад]"; дар ҳоле ки Аллоҳ таоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст. Пас, ҳар ки аз [ҷониби] Парвардигораш панде ба ӯ бирасад ва [аз рибохорӣ] даст бардорад, он чи гузашта ва [судҳое, ки қабл аз нузули ҳукми рибо дарёфт кардааст] аз они ӯст ва [дар мавриди оянда низ] кораш ба Аллоҳ таоло вогузор мешавад; ва [аммо] касоне, ки [ба рибохорӣ] бозмегарданд, аҳли оташанд ва дар он ҷовидонанд
2:275 -
يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَا وَيُرْبِي الصَّدَقَاتِ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ
Аллоҳ таоло риборо нобуд [ва бебаракат] мегардонад ва садақотро [бо изофа кардан бар савобаш] афзоиш [ва баракат] медиҳад; ва Аллоҳ таоло ҳеҷ кофири лаҷуҷу гунаҳгореро дӯст намедорад
2:276 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва намоз барпо доштаанд ва закот пардохтаанд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд
2:277 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва агар муъмин ҳастед, он чиро, ки аз [мутолиботи] рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед
2:278 -
فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ ۖ وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ
Агар [чунин] накардед, бидонед, ки Аллоҳ таоло ва расулаш бо шумо пайкор хоҳанд кард; ва агар тавба кардед, асли сармояҳоятон аз они шумост; на [бо гирифтани суди сармояатон ба касе] ситам мекунед ва на [бо чашмпӯшӣ аз он суди ҳаром] бар шумо ситам меравад
2:279 -
وَإِنْ كَانَ ذُو عُسْرَةٍ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيْسَرَةٍ ۚ وَأَنْ تَصَدَّقُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Ва агар [шахси қарздор] тангдаст бувад, то [ҳангоми] кушоиш [ва тавоноии бозпардохт ба ӯ] муҳлат диҳед ва [агар тавоноии пардохт надошт], бахшидани он [қарз] бароятон беҳтар аст, агар [савоби ин корро] бидонед
2:280 -
وَاتَّقُوا يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى اللَّهِ ۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Ва аз [азоби] рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавед; сипас ба ҳар кас [подоши] он чи анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд
2:281
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»