Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 259
-
أَوْ كَالَّذِي مَرَّ عَلَىٰ قَرْيَةٍ وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا قَالَ أَنَّىٰ يُحْيِي هَٰذِهِ اللَّهُ بَعْدَ مَوْتِهَا ۖ فَأَمَاتَهُ اللَّهُ مِائَةَ عَامٍ ثُمَّ بَعَثَهُ ۖ قَالَ كَمْ لَبِثْتَ ۖ قَالَ لَبِثْتُ يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ ۖ قَالَ بَلْ لَبِثْتَ مِائَةَ عَامٍ فَانْظُرْ إِلَىٰ طَعَامِكَ وَشَرَابِكَ لَمْ يَتَسَنَّهْ ۖ وَانْظُرْ إِلَىٰ حِمَارِكَ وَلِنَجْعَلَكَ آيَةً لِلنَّاسِ ۖ وَانْظُرْ إِلَى الْعِظَامِ كَيْفَ نُنْشِزُهَا ثُمَّ نَكْسُوهَا لَحْمًا ۚ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ قَالَ أَعْلَمُ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Ё монанди касе ки бар деҳае (бар Байтулмақдис) гузар кард (, яъне Узайр ки савори хар аз Байтулмақдис гузар кард ва ҳамроҳаш ангур ва анҷир ва ҷоми шарбате дошт) ва он деҳа (пас аз вайрон гаштан ва кушта шудани бошандагони он ба дасти Бухтанаср) бар сақфҳои худ афтода буд, (Узайр аз шиддати вайронии деҳа бо тааҷҷуб) гуфт: "Аллоҳ ин деҳаро пас аз (вайронӣ ва) маргаш чӣ гуна зинда мегардонад? Пас, Аллоҳ ӯро сад сол бимиронид (ва баъд аз чандин соли миронидани Узайр, бошандагони деҳа ба он баргаштанд ва онро аз нав сохтанд), сипас барангехташ (, то ба ӯ камоли қудрат ва чигунагии зинда карданро бинамояд). (Аллоҳ ба воситаи фаришта ба ӯ) гуфт: чанд диранг кардӣ? Гуфт: "Як рӯз, ё порае аз як рӯз диранг кардам». (Зеро ӯ дар аввали рӯз хобида буд, пас ҷонаш гирифта шуд ва пас аз сад сол ҳангоми офтобнишин зиндааш кард ва Узайр пиндошт, ки ин ҳамон рӯзест, ки хобида. Аллоҳ ба воситаи фаришта бад-ӯ) гуфт: "Балки, сад сол диранг кардӣ, пас ба сӯи хӯришат (ба сӯи ангуру анҷир) ва ошомиданият (ба шарбатат) бингар, ки (бо қудрати илоҳӣ аз гузашти солҳо) тағйир напазируфта (ва вайрон нашуда) аст ва ба сӯи харат бингар, (ки чӣ гуна устухонҳояш пароканда ва пӯсидаанд ва бибин, ки онро чӣ гуна зинда мекунем ва ин корро барои ин кардем,) то (достони) туро барои мардумон нишонае (бар тавоноии хеш) бигардонем (, то бошад, ки биандешанд ва имон оваранд ва маро ба яктогӣ бипарастанд ва дар бозофариниши пас аз марг шак накунанд). Ва ба сӯи устухонҳо (-и пӯсидаи хар) бингар, ки чӣ гуна онро дарҳам мепайвандем ва сипас бар он гӯшт(ва асабу рагҳову пӯст)-ро мепӯшонем (ва чӣ гуна ба он ҷон медамем). Пас чун (дар он ҷон дамида шуд ва бонг баровард, ин кор) барояш (баъд аз тамошо) равшан шуд, гуфт: медонам, ки ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност.
2:259
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)