Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 258

  1. أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِي حَاجَّ إِبْرَاهِيمَ فِي رَبِّهِ أَنْ آتَاهُ اللَّهُ الْمُلْكَ إِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّيَ الَّذِي يُحْيِي وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا أُحْيِي وَأُمِيتُ ۖ قَالَ إِبْرَاهِيمُ فَإِنَّ اللَّهَ يَأْتِي بِالشَّمْسِ مِنَ الْمَشْرِقِ فَأْتِ بِهَا مِنَ الْمَغْرِبِ فَبُهِتَ الَّذِي كَفَرَ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

    (Эй Муҳаммад!) Оё ба сӯи касе[[Гӯянд, ки ҳангоме Иброҳим дар Бобул мезист, Намрӯз чуноне ки гуфта шуд, шоҳи Бобул буд ва худро парвардигор хонда, хӯриши мардумро фақат аз назди худ медод ва бо ин кор хештанро парвардигор меномид. Иброҳим низ монанди дигарон барои озуқа назди ӯ рафт. Намруз бо ӯ мунозара кард ва ба ӯ озуқа надод ва ҳангоми баргаштан хурҷинҳояшро бо реги сурх пур кард, то ки хонаводаашро яку якбора бо ин нокомӣ дилшикаста насозад ва ба хона расиду бихобид ва чун занаш хурҷинҳоро кушод, онро бо орди баландсифат моломол ёфт. Аллоҳ ба сабаби саркашиҳояш Намрӯзро бо магасҳо ба марг расонид. Чун даре аз дарвозаҳои магасҳоро бикушод, то гӯшту пуст ва сипоҳиёни Намрузро бихӯрданд, ки аз эшон ҷуз устухон чизе боқӣ намонд ва аммо Намрӯзро магасе дар димоғаш даромада буд, ки аз сахтии дард бар сараш мекӯбиданд, то ин ки бимурд.]] надидӣ, ки дар бораи (ҳастии) Парвардигораш бо Иброҳим мунозара мекард (, ки ғайр аз ӯ парвардигоре нест) ки ӯро Аллоҳ подшоҳӣ (ва сарварӣ) дода буд (ва ӯ Намрӯз писари Канъони бобулист, ки муддати дарозе подшоҳи Бобул буд ва ӯ нахустин касе аст, ки даъвои парвардигорӣ карда аст ва караму иҳсони парвардигорашро бо куфру туғён табдил намуда). (Аз Иброҳим пурсид, ки парвардигорат кист, ки ту моро ба сӯи ӯ мехонӣ ва далели ту бар вуҷуди ӯ чист?) Чун Иброҳим гуфт, ки Парвардигори ман он аст, ки (маргу зиндагиро дар ҷисмҳо меофаринад ва андоза мекунад ва) зинда мегардонад ва мемиронад. (Намрӯз) Гуфт: "Ман (бо афв кардан) зинда мегардонам ва (бо қатл) мемиронам (ва ду мардро назди худ хонд ва онҳоро ба қатл ҳукм кард ва якеро бикушт ва дигареро раҳо кард ва гуфт, ки якеро миронидам ва дигареро зинда кардам). (Чун Иброҳим ӯро сахт аҳмақ ва бехирад ёфт далеле аз он равшантар овард:) Иброҳим гуфт: (Агар даъвои парвардигорӣ мекунӣ, ки монанди парвардигори ҷаҳониён зинда мекунӣ ва мемиронӣ, бад-он ки Аллоҳи тавонои ман офтобу моҳтоб ва ахтарону ҳаракатҳои онҳоро мусаххар карда аст,) пас ҳароина, Аллоҳ офтобро аз ховар меорад, пас ту онро аз бохтар биёвар, пас он кас ки куфр оварда буд (аз посух оҷизу ҳайрон монд ва) забонбаста гашт (-у мағлуб шуд). Ва Аллоҳ гурӯҳи ситамгоронро (ҳангоми мунозара дар овардани ҳуҷҷат ва далелҳо) роҳ наменамояд (ва муваффақ намегардонад).

    2:258

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)