Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 256

  1. لَا إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ ۖ قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ ۚ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ لَا انْفِصَامَ لَهَا ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    [Ин оят дар бораи Ансор фуруд омада аст, ки мехостанд фарзандонашонро, ки ба дини ҷуҳудӣ ва масеҳӣ даромада буданд, ба даромадани дини Ислом маҷбур кунанд[[Нигаред, Табарӣ; 24/3.]] :] (Касеро) дар (даромадани) дин (-и Ислом) ҳеҷ иҷборе нест, ба дурустӣ, роҳи рост (-и имону Ислом ва ҳақ) аз роҳи каҷ (-и куфру ширку ботил бо фуруд овардани китобҳо ва фиристодани фиристодагон) ошкор гашта аст (ҳаққи оқил ин аст, ки пас аз ошкор шудани нишонаҳо бар ин ки ба Аллоҳ имон овардан ва фармонбарии ӯ роҳи рост аст ва куфр овардан ба ӯ роҳи каҷ аст ба даромадани дини Ислом маҷбур карда нашавад, бояд ки худ онро бе тараддуд бипазирад. Яъне касеро ба даромадани дини Ислом маҷбур нашояд кард, зеро ҳама бурҳон ва далилҳои он равшан гаштаанд ва Ислом ба иҷбор кардани касе ниёз надорад, ки ба Ислом пазируфтан иҷбор карда шавад, балки ҳар киро Аллоҳ синаашро барои Ислом боз кушуда аст ва хирадаш дода аст ва ҳидояташ карда аст, ба он медарояд ва ҳар кӣ Аллоҳ чашмонашро кӯр ва гӯшҳояшро кар намуда ва бар дилаш мӯҳр ниҳода аст, ӯро ба зӯрӣ даромадан ба дини Ислом судаш нахоҳад кард). Пас ҳар кӣ ба Тоғут (-и саркаш) куфр варзад (ва аз анбоз ва ҳамто ва бутҳо ва ончӣ, ки шайтон ба сӯи он мехонад дур шавад) ва ба (ягонагии) Аллоҳ имон оварад (ва ӯро якто бипарастад), пас ба дурустӣ ба гиреҳи устуворе[[Гиреҳи устувор "ло илоҳа иллаллоҳу муҳаммадун-расулуллоҳ", яктопарастӣ, яъне Ислом ва имон аст.]] чанг зада аст, ки он гусастанӣ нест. Ва Аллоҳ (ба гуфтор ва кирдори бандагонаш) шунавои доно аст.

    2:256

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)