Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 255

  1. اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ ۚ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ ۚ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۚ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ ۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ ۚ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ ۖ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا ۚ وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ

    Аллоҳ (якто) аст, ки ҷуз ӯ маъбуде шоистаи парастиш нест. Ҳамеша зиндаи барподоранда (-и ҷаҳону офаридагон ва нигаҳдоранда ва корсози эшон) аст (, ки ҳаргиз намемирад ва дар тадбири корҳои офаридагон ва риояту ҳифзи онҳо пойдор аст). Ӯро ҳеҷ ғанаве ва хобе нагирад (ва ӯро нашояд, ки биғанавад ва ё бихобад ва ӯ аз сифатҳои нақс пок аст ва ҳаргиз аз тадбири офаридагонаш ғафлат накунад). Ҳар чӣ дар осмонҳо ва ҳарчӣ дар замин аст ӯрост (зеро ҳама офаридагон ва бандагон милк ва зердасти ӯянд). Кист он кас, ки (дар дунё ва охират) наздики ӯ (барои касе) шафоат кунад, магар ки ба дастури ӯ (, яъне ҳеҷ касе бе дастури ӯ ба шафоаткунӣ ҷасорат намекунад). Ончиро, ки (аз ҳозир ва оянда дар ҷаҳон) пеши дасти эшон аст ва ончиро, ки паси пушти эшон аст (яъне гузаштаи офаридагонро) медонад. Ва аз дониш (ва маълумот)-и ӯ чизеро фаро намегиранд, магар ончиро ки ӯ хоста аст (ва эшонро ба забони пайғамбаронашон омӯзонда аст). (Аз фарохӣ ва бузургӣ,) курсии ӯ осмонҳо ва заминро дарбар гирифта аст[[Ҳафт осмон ва ҳафт замин дар назди курсии ӯ монанди ҳалқае бошад, ки дар дашти беканоре афканда шуда аст. Ва курсӣ қадамгоҳ буда аз Тахт (арш) хурдтар аст ва курсӣ низ дар назди тахт, монанди ҳалқаи оҳанинест, ки дар пушти дашти нопайдоканоре андохта шуда аст ва андозаи тахтро касе ҷуз Аллоҳи офаридгор надонад.]]. Ва нигаҳбонии ин ҳар ду барояш гаронӣ намекунад. Ва ӯ бартари бузург аст[[Ояти Курсӣ бузургтарин ояти китоби Аллоҳ аст ва дар он номи бузурги Аллоҳ (исми аъзам) аст, чунонкӣ дар ҳадис омада аст: Номи бузурги Аллоҳ ки ҳар кӣ бо он дуо кунад, дуояш мустаҷоб гардад: Дар сураи Бақара; 255: (اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ) ва дар Оли Имрон; 2: (اللّهُ لا إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ) ва дар Тоҳо; 111: (وَعَنَتِ الْوُجُوهُ لِلْحَيِّ الْقَيُّومِ). ("Ас-силсилату-с-саҳиҳа"; 746, ҳадиси саҳеҳ аст.) Ҳар кӣ ояти Курсиро пас аз намозҳои фариза бихонад, ӯро аз даромадани биҳишт чизе, ҷуз маргаш бознадорад. (Ривояти Нисоӣ) Ва ҳар кӣ ояти Курсиро дар бистари хобаш бихонад, то субҳдам ӯро нигаҳбоне аз ҷониби Парвардигораш, яъне фариштае посбонӣ мекунад.]].

    2:255

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)