Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 254
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خُلَّةٌ وَلَا شَفَاعَةٌ ۗ وَالْكَافِرُونَ هُمُ الظَّالِمُونَ
Эй касоне ки (ба Аллоҳ ва Пайғамбари ӯ) имон овардед, аз ончӣ шуморо рӯзӣ додаем (, аз молу ҷоҳу дониш дар роҳи хушнудии Аллоҳ ва дар корҳои накӯ чун закот ва садақа) харҷ кунед, пеш аз он ки рӯзе* биояд, ки дар он рӯз хариду фурӯхт нест ва на дӯстӣ ва на шафоат аст (ва натавонед бо мол барои хештан фидя бидиҳед ва на дӯсте хоҳед ёфт, ки шуморо аз азоб раҳоӣ бахшад ва на шафоатгаре пайдо мекунед, ки шуморо назди Аллоҳ шафоат кунад, магар бо дастури Аллоҳи ҷаҳонофарин). Ва кофирон (ба Аллоҳ ва пайғамбари ӯ) ҳамон ситамгоронанд (, ки фармони Аллоҳро дар ғайри ҷойгоҳи он гузоштаанд ва закот ва ҳуқуқи воҷибшудаи Аллоҳ ва бандагонро манъ мекунанд, ҳол он ки Аллоҳ эшонро офарида ва рӯзӣ ва неъматҳои фаровон дода аст, пас ба ҷои он ки дар тоати ӯ кӯшанд, ба сӯи куфру ширк ва маъсияту бадкориҳо мешитобанд).
2:254
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)