Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 253

  1. تِلْكَ الرُّسُلُ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۘ مِنْهُمْ مَنْ كَلَّمَ اللَّهُ ۖ وَرَفَعَ بَعْضَهُمْ دَرَجَاتٍ ۚ وَآتَيْنَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ الْبَيِّنَاتِ وَأَيَّدْنَاهُ بِرُوحِ الْقُدُسِ ۗ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا اقْتَتَلَ الَّذِينَ مِنْ بَعْدِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ وَلَٰكِنِ اخْتَلَفُوا فَمِنْهُمْ مَنْ آمَنَ وَمِنْهُمْ مَنْ كَفَرَ ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا اقْتَتَلُوا وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ

    (Эй Муҳаммад!) Пайғамбарон(-и гиромӣ)-ро бархеро бар бархе бартарӣ додем, аз миёни эшон касе ҳаст, ки Аллоҳ бо ӯ (бе восита) сухан гуфт (, монанди Мусо) ва бархеро дараҷоҳояшонро баланд кард (, монанди Иброҳим ва Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ҳар ду бод) ва Муҳаммадро (с) вопасини пайғамбарон гардонид ва мӯъҷизаҳои фаровонаш дод ва умматашро бар умматҳои дигар фазл дод). Ва Исо писари Марямро мӯъҷизаҳои ошкоро додем (, монанди зинда кардани мурдагон, дармон бахшидани беморони песу махав ва хабар додан аз чизҳои ниҳон) ва ӯро бо Равони фархунда (, яъне бо Ҷибрил) нирӯ додем (, ки ҳар куҷо ҳамроҳи ӯ буд). Ва агар Аллоҳ (раҳнамунии ҳама мардумонро) мехост (ҳамаро раҳнамунӣ мекард ва) он касоне ки баъд аз эшон (, яъне умматҳо баъд аз фиристодани пайғамбарон) буданд, бо якдигар намеҷангиданд, пас аз он ки оятҳои равшан назди эшон омаданд, валекин (бо хости Аллоҳ,) ихтилоф карданд, пас аз миёни эшон касе ҳаст, ки имон овард (ва дар имонаш барҷо монд) ва аз миёни эшон касе ҳаст, ки (, монанди насоро баъд аз Исо) куфр варзид. Агар Аллоҳ мехост, (эшонро монанди ниҳоди фариштагон меофарид, то) бо якдигар (ихтилоф ва низоъ намекарданд ва) намеҷангиданд, валекин Аллоҳ ончиро мекунад, ки мехоҳад (, зеро ин ҳама ихтилоф ва ҷангҳо аз қазову қадари илоҳист ва ӯ бо ҳикмату донишманд аст).

    2:253

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)