Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 236 – 242

  1. لَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ مَا لَمْ تَمَسُّوهُنَّ أَوْ تَفْرِضُوا لَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى الْمُوسِعِ قَدَرُهُ وَعَلَى الْمُقْتِرِ قَدَرُهُ مَتَاعًا بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُحْسِنِينَ

    Агар занонро пеш аз омезиш ва таъйини маҳрия [ба далоиле] талоқ диҳед, гуноҳе бар шумо нест ва [дар ин сурат дилҷӯӣ кунед ва] ононро [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созед; тавонгар ба андозаи тавонаш ва тангдаст ба андозаи тавонаш. [Иҷрои ин ҳукм] Бар накукорон [ҳаққи собит ва] илзомист

    2:236
  2. وَإِنْ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِنْ قَبْلِ أَنْ تَمَسُّوهُنَّ وَقَدْ فَرَضْتُمْ لَهُنَّ فَرِيضَةً فَنِصْفُ مَا فَرَضْتُمْ إِلَّا أَنْ يَعْفُونَ أَوْ يَعْفُوَ الَّذِي بِيَدِهِ عُقْدَةُ النِّكَاحِ ۚ وَأَنْ تَعْفُوا أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۚ وَلَا تَنْسَوُا الْفَضْلَ بَيْنَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    Агар пеш аз наздикӣ бо онон хостед талоқашон бидиҳед ва маҳрияе барояшон таъйин карда будед, нисфи он чиро, ки таъйин кардаед [ба онон бипардозед]; магар ин ки [ҳаққи худро] бибахшанд ё [шавҳар, яъне] касе, ки [тасмимгирӣ дар мавриди] пайванди издивоҷ бо ӯст, гузашт кунад [ва тамоми маҳрияро бипардозад]. Гузашт кардани шумо [ва бахшидани тамоми маҳрия ба занон] ба парҳезкорӣ наздиктар аст. [Эй муъминон, ҳангоми пардохти ҳуқуқ, осонгирӣ ва] некиро миёни худ фаромӯш накунед [ва бидонед, ки] ба ростӣ Аллоҳ таоло ба он чи мекунед биност

    2:237
  3. حَافِظُوا عَلَى الصَّلَوَاتِ وَالصَّلَاةِ الْوُسْطَىٰ وَقُومُوا لِلَّهِ قَانِتِينَ

    [Эй мусулмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ таоло ба по хезед

    2:238
  4. فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا ۖ فَإِذَا أَمِنْتُمْ فَاذْكُرُوا اللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ

    Агар [аз хатар] тарсидед, дар ҳоли пиёда ё савора [ё ҳатто бо имо ва ишора намозро ба ҷой оваред] ва чун эмин шудед, Аллоҳро [чунонки ба шумо омӯхтааст] ёд кунед [ва шукрашро ба ҷо оваред], ки он чиро намедонистед ба шумо ёд дод

    2:239
  5. وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا وَصِيَّةً لِأَزْوَاجِهِمْ مَتَاعًا إِلَى الْحَوْلِ غَيْرَ إِخْرَاجٍ ۚ فَإِنْ خَرَجْنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِي مَا فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ مِنْ مَعْرُوفٍ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Касоне аз шумо, ки маргашон фаро мерасад ва ҳамсароне [аз худ] ба ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсаронашон васият кунанд, ки [ворисон] то як сол ононро [бо пардохтани харҷи зиндагӣ] баҳраманд созанд, бидуни он ки [аз хонаи шавҳар] берун кунанд. Пас, агар [ба майли худ пеш аз поёни як сол хонаро тарк кунанд ва] берун бираванд, дар бораи он чи, ки нисбат ба [зоҳир ва зиндагии] худ ба таври шоиста [ва машруъ] анҷом медиҳанд [аз қабили зинат кардан ва издивоҷи муҷаддад] гуноҳе бар шумо нест; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

    2:240
  6. وَلِلْمُطَلَّقَاتِ مَتَاعٌ بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ

    Ва барои занони талоқшуда ҳадяи муносибу шоиста лозим аст [ки аз тарафи шавҳар пардохта шавад, то дилшикастагиаш ҷуброн гардад. Иҷрои ин ҳукм], ҳаққе аст бар мардони парҳезкор

    2:241
  7. كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

    [Эй муъминон] Аллоҳ таоло оёти худро [ки муштамал бар ҳудуд ва аҳком аст] инчунин бароятон ба равшанӣ баён мекунад; бошад, ки бияндешед

    2:242

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»