Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 217 – 221

  1. يَسْأَلُونَكَ عَنِ الشَّهْرِ الْحَرَامِ قِتَالٍ فِيهِ ۖ قُلْ قِتَالٌ فِيهِ كَبِيرٌ ۖ وَصَدٌّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَكُفْرٌ بِهِ وَالْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَإِخْرَاجُ أَهْلِهِ مِنْهُ أَكْبَرُ عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَالْفِتْنَةُ أَكْبَرُ مِنَ الْقَتْلِ ۗ وَلَا يَزَالُونَ يُقَاتِلُونَكُمْ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمْ عَنْ دِينِكُمْ إِنِ اسْتَطَاعُوا ۚ وَمَنْ يَرْتَدِدْ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌ فَأُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ وَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    [Эй паёмбар] Аз ту дар бораи ҷанг дар моҳи ҳаром [Муҳаррам, Раҷаб, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа] мепурсанд, бигӯ: "Ҷанг дар он [моҳҳо гуноҳи] бузург аст ва боздоштан аз роҳи Аллоҳ таоло ва куфр варзидан ба Ӯ ва [ҷилавгирӣ аз вуруди мардум ба] Масҷид-ул-ҳаром ва берун рондани аҳлаш аз он ҷо назди Аллоҳ таоло [гуноҳи] бузургтар аст ва фитна [-и ширк] аз қатл бузургтар аст". Ва [эй муъминон, мушрикон] ҳамвора бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд шуморо аз динатон баргардонанд; ва ҳар як аз шумо, ки аз динаш бозгардад ва дар ҳоли куфр бимирад, аъмолаш дар дунё ва охират табоҳ мегардад ва онон аҳли оташанд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд

    2:217
  2. إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أُولَٰئِكَ يَرْجُونَ رَحْمَتَ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки [барои барпоии дини ҳақ] ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод карданд, онон ба раҳмати Аллоҳ таоло умедворанд ва Аллоҳ таоло [нисбат ба эшон] омурзандаи меҳрубон аст

    2:218
  3. يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ ۖ قُلْ فِيهِمَا إِثْمٌ كَبِيرٌ وَمَنَافِعُ لِلنَّاسِ وَإِثْمُهُمَا أَكْبَرُ مِنْ نَفْعِهِمَا ۗ وَيَسْأَلُونَكَ مَاذَا يُنْفِقُونَ قُلِ الْعَفْوَ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ

    [Эй паёмбар, асҳобат] аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд, бигӯ: "Дар он ду гуноҳи бузург ва [низ] судҳое барои мардум вуҷуд дорад, вале гуноҳи он ду аз судашон [бештар ва] бузургтар аст"; ва аз ту мепурсанд, чӣ чизе инфоқ кунанд, бигӯ: "Он чӣ афзун ояд [аз ниёзмандии худ]. Аллоҳ таоло оётро инчунин барои шумо равшан месозад; бошад, ки бияндешед"

    2:219
  4. فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۗ وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْيَتَامَىٰ ۖ قُلْ إِصْلَاحٌ لَهُمْ خَيْرٌ ۖ وَإِنْ تُخَالِطُوهُمْ فَإِخْوَانُكُمْ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ الْمُفْسِدَ مِنَ الْمُصْلِحِ ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَأَعْنَتَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Дар бораи дунё ва охират [бияндешед]; ва [эй паёмбар] аз ту дар мавриди [чигунагии сарпарастиашон бар] ятимон мепурсанд; бигӯ: "Ислоҳи [кору парҳез аз дахолат дар амволи] онон беҳтар аст; ва агар бо [ҷамъ кардани амволи онон бо дороии худ дар нафақаҳои зиндагӣ ва маскан бо] онон ҳамзистӣ кунед, [эроде дар ин кор нест; зеро] онҳо бародарони [динии] шумо ҳастанд". Ва Аллоҳ таоло табаҳкорро аз дурусткор бозмешиносад; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [дар мавриди ятимон сахтгирӣ мекард ва] шуморо ба заҳмат меандохт. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

    2:220
  5. وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّىٰ يُؤْمِنَّ ۚ وَلَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ ۗ وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤْمِنُوا ۚ وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ ۗ أُولَٰئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ ۖ وَيُبَيِّنُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ

    Ва [эй муъминон] бо занони мушрик то имон наёвардаанд, издивоҷ накунед; ва бе гумон канизи муъмин, аз зани [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи [зебоӣ ё дороиаш] мавриди писандатон воқеъ гардад; ва [занони мусулмонро] ба издивоҷи мардони мушрик дарнаёваред, магар он ки имон биёваранд; ва ҳатман бардаи муъмин аз марди [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи шефтаи [дороӣ ва мавқеияти] ӯ шуда бошед. Онон ба сӯйи оташ [-и дузах] даъват мекунанд ва Аллоҳ таоло ба фармон [ва тавфиқ]-и хеш ба сӯйи биҳишт ва омурзиш даъват мекунанд ва оёт [-у аҳкоми] худро барои мардум равшан месозад; бошад, ки панд гиранд

    2:221

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»