Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 104 – 112

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا وَاسْمَعُوا ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳангоме ки аз паёмбар барои дарки оёти Қуръон дархости муҳлат мекунед] нагӯед: "Роъино" [Зеро таъбири мазкур илова бар маънои аслӣ мафҳуми тавҳиномезе ҳамгуни "нодонӣ"-ро ба зеҳн мерасонад], балки бигӯед: "Унзурно" [каме ба мо фурсат бидеҳ] ва [он гоҳ ба оёти Қуръон] гӯш кунед ва [яқин бидонед, ки] кофирон [ва тамасхуркунандагони паёмбар] азоби дарднок [дар пеш] доранд

    2:104
  2. مَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَلَا الْمُشْرِكِينَ أَنْ يُنَزَّلَ عَلَيْكُمْ مِنْ خَيْرٍ مِنْ رَبِّكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ

    Кофирон – аз аҳли китоб ва мушрикон – дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигоратон хайру баракате бар шумо нозил гардад, дар ҳоле ки Аллоҳ таоло раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳад, ихтисос медиҳад ва Аллоҳ таоло дорои фазли бузург аст

    2:105
  3. مَا نَنْسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنْسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِنْهَا أَوْ مِثْلِهَا ۗ أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Ҳар оятеро насх кунем ё [аз дили мардум бизудоем ва] фаромӯшаш гардонем, беҳтар аз он ё ҳаммонандашро меоварем. [Эй паёмбар] Оё намедонӣ, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност

    2:106
  4. أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ

    Оё намедонӣ, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва шумо ба ҷуз Аллоҳ таоло [ҳеҷ] дӯсту ёваре надоред [ки корсозатон бошад]

    2:107
  5. أَمْ تُرِيدُونَ أَنْ تَسْأَلُوا رَسُولَكُمْ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِنْ قَبْلُ ۗ وَمَنْ يَتَبَدَّلِ الْكُفْرَ بِالْإِيمَانِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ

    [Эй муъминон] Оё мехоҳед аз паёмбари худ [мавориди номаъқуле ҳамчун дидори Аллоҳро] дархост кунед, ки пеш аз ин аз Мӯсо хоста шуд? Касе, ки куфрро ба [ҷойи] имон баргузинад, мусалламан роҳи ростро гум кардааст

    2:108
  6. وَدَّ كَثِيرٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَوْ يَرُدُّونَكُمْ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِنْ عِنْدِ أَنْفُسِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْحَقُّ ۖ فَاعْفُوا وَاصْفَحُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Бисёре аз аҳли китоб пас аз ин, ки ҳақ барояшон ошкор гардид, ба хотири ҳасодате, ки дар вуҷудашон аст, орзу доранд, ки шуморо баъд аз имонатон ба ҳоли куфр бозгардонанд. Пас, шумо афв кунед ва [аз эшон] даргузаред, то Аллоҳ таоло фармони хешро [барои ҷиҳод бо онон] содир намояд. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

    2:109
  7. وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ مِنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِنْدَ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва [бидонед, ки] ҳар кори неке, ки барои худ пеш мефиристед, [подоши] онро назди Аллоҳ таоло хоҳед ёфт. Яқинан Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

    2:110
  8. وَقَالُوا لَنْ يَدْخُلَ الْجَنَّةَ إِلَّا مَنْ كَانَ هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ ۗ تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    [Аҳли китоб] Гуфтанд: "Ҷуз яҳудӣ ё масеҳӣ [ҳеҷ кас] ҳаргиз дохили биҳишт нахоҳад шуд. Ин орзуҳои [ботили] онҳост." [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, далели худро биёваред"

    2:111
  9. بَلَىٰ مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُ أَجْرُهُ عِنْدَ رَبِّهِ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

    Оре, подоши касе, ки холисона таслими Аллоҳ таоло гардад ва накукор бошад, назди Парвардигораш маҳфуз аст ва [чунин касоне] на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд

    2:112

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»