Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 254 – 257
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خُلَّةٌ وَلَا شَفَاعَةٌ ۗ وَالْكَافِرُونَ هُمُ الظَّالِمُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯше ҳаст ва на дӯстиву шафоате; ва кофирон [ба сабаби куфрашон] ҳамон ситамгоронанд
2:254 -
اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ ۚ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ ۚ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۚ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ ۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ ۚ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ ۖ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا ۚ وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ
Аллоҳ таоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст
2:255 -
لَا إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ ۖ قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ ۚ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ لَا انْفِصَامَ لَهَا ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Дар [пазириши] дин, ҳеҷ иҷборе нест; ба ростӣ, ки роҳи рост [ва ҳидоят] аз роҳи инҳироф [ва гумроҳӣ] равшан шудааст; пас, ҳар кас ба тоғут [он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло парастиш мешавад] куфр биварзад ва ба Аллоҳ таоло имон оварад, ҳатман, ба маҳкамтарин дастовез чанг задааст, ки ҳаргиз нахоҳад гусаст; ва Аллоҳ таоло шунавову доност
2:256 -
اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُمَاتِ ۗ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Аллоҳ таоло ёвар [ва корсози] касоне аст, ки имон овардаанд; ононро аз торикиҳо ба сӯйи нур берун мебарад; ва касоне, ки кофир шуданд, [корсоз ва] ёварашон тоғут аст, [ки] ононро аз нур [–и имон ва илм] ба сӯйи торикиҳо [–и куфру нодонӣ] берун мебарад. Онон аҳли оташанд [ва] дар он ҷовидонанд
2:257
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»